ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ.  МАНЗИЛҲОИ НАВ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИЮ ҲАРБӢ

ХОРУҒ.  МАНЗИЛҲОИ НАВ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИЮ ҲАРБӢ

19 декабр 2023, Сешанбе
15
0


Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 59 хизматчии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 12 хонаводае, ки зимистони имсол дар натиҷаи фаромадани тарма манзилҳояшонро аз даст дода буданд, ба хонаҳои навбунёди замонавӣ  кӯчиданд. 

Дар чорабинии тантанавии супурдани калиди хонаҳо муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода иштирок намуданд.
Фирдавс Ҳаётзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сол ба сол шароити  зиндагии  сокинони  вилоят дар баробари  дигар шаҳрвандони кишвар беҳтар шуда истодааст. Ҳар сол дар ҳамаи минтақаҳои кишвар манзилҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароитҳои замонавии будубош мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар баробари ин, барои хизматчиёни  давлатӣ ҳам хонаҳои хизматӣ сохта мешаванд. Чанд сол пеш бо ин мақсад дар шаҳри Хоруғ аввалин биноҳои нуҳошёна мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар онҳо хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби хонаҳои хизматӣ шуда буданд. Ин иқдоми неки  Ҳукумати кишвар минбаъд низ идома меёбад. 
Шарифхон Сафарзода хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин хонаводаҳое, ки дар пайи фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ зимистони имсол манзилҳои истиқоматиашонро пурра аз даст дода буданду инак соҳиби манзили нави зист гардиданд, табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки беҳбудии ҳаёти шаҳрвандони кишвар ҳамеша таҳти назорати  Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қарор дорад. Чунин ғамхорӣ дар ҳаққи шаҳрвандон, хусусан онҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ аз манзилҳои истиқоматӣ маҳрум мешаванд, ё дигар хел зарар мебинанд, дар ягон мамлакати дунё ба мушоҳида намерасад. Одатан, дар дигар давлатҳо ба шаҳрвандони зарардида дар чунин ҳолат маблағи суғуртааашон пардохт мешаваду халос. Аммо дар кишвари мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки зарардидагони офати табиӣ аз ҳисоби давлат бо манзили нав таъмин мегарданд. 
Танҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо оилаи зарардида аз ҳисоби давлат соҳиби манзили нав гардиданд. Хонаводаҳои зарардидаи деҳаҳои Барсем, Колхозобод, Бердибекободи ноҳияи Шуғнон, Миденведи ноҳияи Роштқалъа, чанд деҳаи ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз, Ванҷу Рӯшон ва Мурғоб аз ҳамин қабиланд.  
Лозим ба ёдоварист, ки 17-уми августи соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар хиёбони ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд. Ин нахустин бинои 12-ошёна дар миқёси вилоят буда, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ бунёд гардид.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.12.2023 №: 244
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив