ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 2024.  ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАРИН РУШДИ ИҚТИСОДӢ ХОҲАД ДОШТ

2024.  ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАРИН РУШДИ ИҚТИСОДӢ ХОҲАД ДОШТ

20 декабр 2023, Чоршанбе
65
0


Тибқи пешгӯии Бонки рушди Аврупову Осиё (БРАО), рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2024 ба 7,3% мерасад. Ин маълумот дар пешгӯии макроиқтисодии БРАО барои солҳои 2024-2026 пешниҳод шудааст.

Рушди иқтисоди аъзои дигари бонк дар соли оянда – Арманистон 5,7 дарсад, Қазоқистон 5, Қирғизистон 4,5, Беларус 2 ва дар Россия 1,5 дарсад пешбинӣ гардидааст.
«Рушди ММД-и Тоҷикистон аз ҳисоби тавсеаи иқтидори саноатӣ (пеш аз ҳама,  дар соҳаҳои металлургия, энергетика, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ) ва фаъолияти сармоягузории муштарак, аз ҷумла  дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии  рушди иқтисодӣ, таъмин карда мешавад», – омадааст дар гузориши БРАО.

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив