ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ИЛМИИ ТАЪРИХШИНОСИИ ТОҶИК

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ИЛМИИ ТАЪРИХШИНОСИИ ТОҶИК

29 декабр 2023, Ҷумъа
44
0


Робитаи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик бо номи академик Бобоҷон Ғафуров ба назари мо, пеш аз ҳама, дар чанд самт зоҳир меёбад. Ӯ бо коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, методологияи он, бавижа даврабандии таърихи халқи тоҷик, гузориши масоили пажӯҳишӣ, таҳқиқоти бунёдӣ, ташвиқу тарғиби донишҳои таърихӣ, муаррифии таърихи халқи тоҷик дар дохил ва беруни кишвар ва ширкати бевосита дар ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси пажӯҳишӣ нақши барҷаста гузошт. 

Академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти касбии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз намудааст ва аввалин мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бедории тоҷик» («Ҷумҳурият») соли 1928 ба чоп расидаанд, ки мавзуи асосии онҳоро низ масоили таърихӣ, муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна, дастовардҳои ҳокимияти шуравӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи нав ташкил медоданд.  Дар заминаи мақолаҳои танқидиаш дар матбуот соли 1940 рисолаи ӯ бо номи «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ» дар ҳаҷми 36 саҳифа аз тарафи Нашриёти давлатии Тоҷикистон чоп мешавад. Минбаъд низ мақолаҳои илмиву оммавии мавсуф дар рӯзномаҳои маъруфи давр – «Правда» ва «Известия», ки мардумони 15 кишвари СССР ва берун аз он мехонданд, ба чоп расидаанд. Танҳо дар давоми соли 1940-ум 13 мақолаи илмӣ-оммавии Б. Ғафуров доир ба мавзуъҳои таърихӣ тавассути васоити ахбори умум бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба чоп расидаанд. 
Рӯ овардани академик Бобоҷон Ғафуров ба пажӯҳиши илмии таърихи халқи тоҷик ба охири солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Қадами аввал дар ин самт ба чоп расидани ду рисолаи илмӣ - «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ» ва «Афтидани аморати Бухоро» («Падение Бухарского эмирата: к 20-летию Советской революции в Бухаре (1920-1940 гг.»), дар ҳаммуаллифӣ бо Н. Прохоров маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳ ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз тарафи як тан ҷавони содиқ ба ҳокимияти нави шуравӣ ва ҳадафҳои асосии он бесабаб набуд. Агар аз як тараф тавассути фаъолияти  рӯзноманигории худ ба масоили таърихӣ бештар ошно шуда бошад, аз тарафи дигар ӯ аз авзои сиёсию ҳуқуқии мардуми тоҷик ва маҳдуднамоии сунъии ҳуқуқу манфиатҳои он дар ибтидои асри XX ва, махсусан, дар ду даҳсолаи аввали мавҷудияти ҳокимияти шуравӣ пурра бархӯрдор буд. 
Соли 1942 бо ҳамроҳии Н. Прохоров мақолаи илмие доир ба муборизаи халқи тоҷик ба муқобили ғосибони бегона ва истилогаронро дар маҷмуаи  «Кори мо ҳақ, душман саркӯб хоҳад шуд» («Наше дело правое, враг будет разбит») ба нашр мерасонад. Соли 1944 дар заминаи ҳамин мақола рисолаи илмии Б. Ғ. Ғафуров ва Н. Н. Прохоров “Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” аз чоп баромад. Баробари ин, соли 1945 маҷмуаи “Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” китоби якум аз ҳамин силсила таҳти роҳбарӣ ва назари ӯ чоп шуд. 
Солҳои 1942-1948 Бобоҷон Ғафуров дар баробари иҷрои вазифаҳои масъули сатҳи ҷумҳуриявии сиёсию давлатӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири сектор (бахш)-и таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АИ ИШ-ро низ ба зимма дошт. Рисолаи илмии “Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” дар доираи фаъолияти ҳамин шуъба омода гардид. Китоби мазкур соли 2012 бо кӯшиши нашриёти «Адиб» ба ифтихори 21-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан. (Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон)» ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин китоб нахустин рисолаи илмии фарогирандаи таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то соли 1944 буд, ки 23 фасл дошта, фасли аввали он «Гузаштаи пурғановати халқи тоҷик» номгузорӣ шудааст. Арзиши илмии китоби мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бори аввал муаллифон ҷасурона таърихи тоҷиконро дар алоҳидагӣ ва тибқи талаботи методологияи нав ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд. Дар он шароит, ба чунин шакл манзур намудани таърихи халқи тоҷик ва, ба замми он, ҳамчун сокинони бумӣ ва соҳиби таъриху тамаддуни минтақа муаррифӣ намудани тоҷикон ғайрату ҷасорати беандозаро талаб мекард. Дар пешгуфтори китоб аз номи ҳайати таҳририя омадааст, ки «то имрӯз ақидае ҷорист, ки гӯё навиштани таърихи алоҳидаи тоҷикону Тоҷикистон зарурате надорад, мувофиқ ин аст, ки барои тамоми халқҳои Осиёи Миёна як таърихи умумии Осиёи Миёна навишта шавад».
Академик Ғафуров на танҳо ин чаҳорчӯбаро шикаст, балки исбот намуд, таърихи ҳар як халқи муқими Осиёи Миёнаро метавон дар алоҳидагӣ таҳқиқ ва таълиф намуд. Баъдан, соли 1949 дар нашри русии «История таджикского народа в кратком изложении» ӯ менависад, ки новобаста ба муқовимати баъзе аз шарқшиносони шинохта бояд таъкид намоем, ки «ҳар як халқи Осиёи Миёна дорои хусусияти махсус ва таърихи хусусии худ аст». 
Муаллиф таърихи пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси воҳид ва аз қадим сокинони бумии ин минтақа будани онҳо, дар заминаи халқҳои ориёии шарқиэронӣ ташаккул ёфтани тоҷиконро ба миён мегузорад. Бар замми ин, дар ҳавошӣ оид ба пайдоиши истилоҳи тоҷик мулоҳизаҳояшро баён намуда, таъкид менамояд: «Истилоҳи «тоҷик» бо калимаи «тоҷ», ки маънояш «сарир» («венец, корона») мебошад, алоқаманд аст. Калимаи тоҷик маънои «одами тоҷдор»-ро дорад.
Ақидае ҳаст, ки бори нахуст истилоҳи «тоҷик» маҳз бо ҳамин маъно дар асри II то милод истифода шудааст ва он дар сарчашмаҳои таърихии Чин доир ба шоҳигарии Тяожи ҳаст». 
Ҳамин тариқ, дар рисолаи нахустини таҳқиқотӣ аллома Ғафуров на танҳо зарурати таълифи таърихи комили онро пеш гузошт, балки тавонист масоили умда ва мубрами онро низ муайян намояд. Дар пажӯҳишҳои баъдинаи худ академик ин масоилро дар заминаи санаду асноди қавӣ ва маъхазҳои хаттӣ боз ҳам асоснок намуд. 
Доир ба зарурати боз ҳам чуқуртар омӯхтани таърихи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров 24-уми апрели соли 1944 дар ҷаласаи сессияи аввали илмии Филилали тоҷикистонии АИ ИШ маъруза хонда, таҳқиқу таълифи таърихи комили халқи тоҷикро пеш мегузорад. Дар роҳи иҷрои ин вазифа ӯ аввалин шуда соли 1947 нахустин таърихи ҷомеи халқи тоҷикро бо унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» манзури муҳаққиқону хонандагон менамояд. «Ин таълифот, - менависад яке аз Ғафуровшиносони шинохта, - аввалин ва қотеътарин ҷавоби побарҷое ҳисоб меёфт, ба муқобили таърихсозони гузаро, ки илми муқаддаси таърихро бо мақсадҳои ғаразмандонаи сиёсии худ истифода мебурданд». Нақши ин китоб ва арзиши илмии онро асос намуда, академик Б. А. Литвинский аллома Ғафуровро асосгузори илми таърихи халқи тоҷик номид.
Устод Садриддин Айнӣ дар тақризи муфассали худ ба «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шудани ин китобро самимона табрик намуда, онро «дар пешрафти маданияти советии тоҷик як ҳодисаи бузург» номидааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров бо чопи тоҷикии ин китоб қаноат накарда, онро бо иловаю такмил ва таҷдиди назар ба забони русӣ зери унвони «История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г.» соли 1949 дар Москва нашр намуд. Муаллиф барои такмили нашри русии китоб  10 сол вақт масраф намуда, бо назардошти эродҳои роҳбари мамлакат Иосиф Сталин (дар суҳбати шахсӣ моҳи январи соли 1948) ба он тағйироти зиёд ворид намудааст.
Чопи тоҷикӣ ва русии таърихи ҷомеи халқи тоҷик қадами аввал дар таҳқиқи таърихи комил ва пурраи сокинони бумии Осиё Миёна – тоҷикон буд. Ёдовар шудан зарур аст, ки аллома дар баробари таваҷҷуҳ ва пос доштани таърихи миллати худ ба таъриху фарҳанги дигар халқҳо, пеш аз ҳама халқҳои минтақа арҷ мегузошт. Аммо нисбат ба оне, ки ба таърихи миллати тоҷик назари манфӣ дошт ва ё таърихи онро нодида мегирифт, ҳамеша ҷавоби солими олимона медод. Масалан, солҳои 30-юми асри гузашта як тамоюле дар байни муаррихон ва умуман, олимон паҳн шуд, ки тибқи он бояд таърихи ҳар як халқи минтақа дар доираи ҷуғрофияи ҷумҳуриҳои шуравии мавҷуда мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирад. Ҳатто, соли 1936 доир ба навиштани китобҳои дарсӣ дар Душанбе конференсияи калоне баргузор шуд, ки  дар он профессори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна В.Я. Яротски пешниҳод намуд, ки таърихи халқи тоҷик дар заминаи ҳудуди кунунии ҶШС Тоҷикистон таълиф ва омӯхта шавад ва ӯ, ҳатто, номгӯи мавзуъҳои китоби дарсиро чун «Ҳукмронии Ҳахоманишиҳо дар Тоҷикистон», «Искандари Мақдунӣ дар Тоҷикистон» ва ё «Давлатҳои турк (Сомониён, Қарахониён, ва Қарахитоиҳо) ва Тоҷикистон дар асрҳои IX-XIII», «Чингиз ва Темур ва мақоми онҳо дар Тоҷикистон» ва ғайра ба таври худ пешниҳод намуда буд. Дар ҳошияҳои маърузаи ин «таърихшиноси номӣ», ки он вақт декани факултети таърихи ДДОМ буд, Б. Ғафуров дар қайдҳояш ҷасурона ва бо қатъият изҳори норизоӣ намуда, онро «Консепсияи ғайриилмию ниҳоят зараровар» донистааст.
Бобоҷон Ғафуров дар ҷавоб ба чунин олимтарошон таърихи халқи тоҷикро на дар чаҳорчӯбаи ҷумҳурии шуравӣ, балки дар тамоми қаламрави тоҷикнишин - Варорӯду Хуросон мавриди таҳқиқ қарор додааст. Осори таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон, ки имрӯз берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мондаанд, мансуб ба таъриху тамаддуни тоҷиконанд, на ба он мардуме, ки имрӯз он ҷо сукунат доранд. Имрӯз низ азхудкунии таърих, моли худ ва ба таърихи гузаштаи халқи худ марбут донистани осори таърихию фарҳангии тоҷикон дар қаламрави минтақа бо суръат идома дорад.
Академик Ғафуров бо асарҳои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро мураттаб намуда, ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок намуда, даврабандии комилан илмии таърихи халқи тоҷикро пешниҳод намуд. Консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ки Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намудааст, аз ҷониби олимони шинохта ва марказҳои бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва дастгирӣ қарор гирифтанд ва он имрӯз низ қимати илмии худро аз даст надодааст. Вале,  ин фарзонафарзанди мо бо ин қаноат накарда, мӯшикофона таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро боз ҳам мукаммалу комилтар намуд, ки натиҷаи заҳматҳояш дар роҳи шинохти таърихи ниҳоят тулонии мардуми тоҷик чопи асари безаволи «Тоҷикон»  аст. Ин китобро, ки Пешвои муаззами миллат барҳақ «шиносномаи миллат» ном мондаанд, дар заминаи асноду далели сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳлили жарфи пажӯҳишҳои илмии таърихшиносию ховаршиносии ватанию хориҷӣ таълиф гардидааст. «Тоҷикон» ҳамчун асари бунёдӣ аз ибтидо аз ҷониби муаррихон ва ховаршиносони ҷаҳон сазовори баҳои арзанда гардид, ки шаҳодати он чопи тақризҳои зиёд аз тарафи олимони шинохта ва тарҷума гардидани он ба забонҳои гуногун дар хориҷа мебошад. 
Академик Бобоҷон Ғафуров бар зами таълифоту таҳқиқоти бунёдӣ, инчунин, тавассути талошу заҳматҳои зиёд дар роҳи ташкили нахустин донишгоҳи давлатӣ (ДМТ) ва Академияи илмҳои Тоҷикистон нақши калидӣ бозид. Нақши ӯ дар таъсиси институти мустақили таърих ҳамчун маркази асосии омӯзишу таҳқиқи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик мавриди таваҷҷуҳ аст. Маҳз бо пешниҳоди Бобоҷон Ғафуров нахустин директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш донишманди шинохта ва донандаи таърихи халқи тоҷик А. А. Семенов таъин гардид. Баробар ба ин, академик Ғафуров барои ба роҳ мондани фаъолияти босамари Институт гурӯҳи калони олимони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б.А. Литвинский, Е.А. Давидовичро ба кор даъват намуд. Ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҷалб шудани ин муҳаққиқон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши мақоми таърихшиносии тоҷик дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Иқтидори илмии Институт ва доираи баррасии масоили мавриди таҳқиқ бамаротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтҳои таърихшиносию таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳои илми таърих ба роҳ монда шуд.

Убайдулло НАСРУЛЛО, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, доктори илми таърих, профессор

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив