ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАТАНСАРОЕ ДАР ҲАВЗАИ МАТБУОТ. «ҲОМИИ ВАТАН» 30-СОЛА ШУД

ВАТАНСАРОЕ ДАР ҲАВЗАИ МАТБУОТ. «ҲОМИИ ВАТАН» 30-СОЛА ШУД

02 январ 2024, Сешанбе
36
0


30 сол қабл, 10-уми декабри соли 1993, аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳомии Ватан» ба забонҳои тоҷикиву русӣ, дар ҳаҷми чаҳор саҳифа ва зери шиори «Шуҷоат, Шараф ва Садоқат» аз чоп баромад. Ин нашрия аз рӯзи таъсис то имрӯз барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳияву пешниҳоди маводи гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ чун манбаи асосии иттилооти расмӣ хизмат кардааст.
Зимни мутолиаи «Ҳомии Ватан» бармало эҳсос мегардад, ки гурӯҳи эҷодӣ дар ҳар як шумора гузоришу мақолаҳои бисёр ҷолибро омодаву рӯйи чоп овардаанд, ки дар онҳо гузаштаи начандон дури таърихи Артиши миллӣ, фаъолияти афсарону сарбозони неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, хизмати софдилонаи низомиёни кишвар дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ва марҳилаҳои ниҳоят мушкилу пурпечутоби ташаккули ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар онҳо воқеъбинона инъикос ёфтааст.
Аз мазмуну муҳтавои матолиби рӯзномаи соҳавии Вазорати мудофиа ба хулосае омадан мумкин аст, ки нашрияи ҳарбӣ-сиёсии «Ҳомии Ватан» ҳамқадаму ҳамқарини Артиши миллии ҷавони Тоҷикистон мебошад.
Таҳлили маҷмуи маъхазҳои 10-солаи аввали рӯзнома, ки давоми солҳои 1993-2003-ро дар бар мегиранд, асосан, инъикосгари марҳилаҳои бисёр ҳассоси солҳои аввали Тоҷикистони соҳибистиқлолу навбунёд ва нақши беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории тоҷикон ва Артиши миллии он дар худ таҷассум намудааст. Дар ин давра, ҳайати эҷодӣ ва кормандони рӯзнома мавзуъҳои гуногуну таъсирбахшро оид ба тадбирҳои оқилонаву саривақтӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар мамлакат, хизматҳои арзандаи афсарону сарбозонро дар сангарҳои оташгир, ҷоннисории хизматчиёни ҳарбиро дар роҳи ҳимоя аз дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, баргузории аввалин паради ҳарбӣ, давраҳои ташкилу бунёди навъи қӯшунҳо, таъсиси нахустин қисмҳои низомии Артиши миллӣ, мушкилоти норасоии кадрҳои низомиву афсарони касбиро ба тасвир кашидаанд.
Дар давоми солҳои 2003-2013, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, аллакай, ба марҳилаҳои нави рушди касбият қадам ниҳода, дар остонаи 20 - солагии таъсисёбӣ қарор дошт, аҳли қалами рӯзномаи «Ҳомии Ватан» низ дар шумораҳои минбаъда бештар ба пояҳои устувори давлатдории тоҷикон, фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва доир ба нақши Артиши миллӣ дар пойдору бегазанд нигоҳ доштани амну субот дар кишвари азизамон, маводу матолиби хеле ҷолибу пурмазмун ва хабару гузоришҳои таъсирбахшро рӯйи чоп овардаанд.
Дар ин замина, аҳли эҷоди рӯзнома бо тасвиру нигоштаҳои худ Қувваҳои Мусаллаҳи 20-солаи Тоҷикистонро нисбат ба артише, ки дар солҳои 1997 амал мекард қиёс намуда, дастоварду комёбиҳои онро беназир унвон кардаанд. Дар аксари маводу мақолаҳои муҳаррирону муаллифон ва хабарнигорони рӯзнома мазмунан зикр гардидааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣ, аллакай, санҷишҳои сахту сангинро пушти сар карда, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози таъминоти моддӣ-техникӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва таҷрибаву маҳорати касбӣ ҳамаҷониба муҷаҳҳазу мукаммал гардида, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба як неруи пуриқтидор табдил ёфта, муҳофизати ҳама музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодиро аз ҳар гуна хавфу хатар бар дӯши худ гирифтааст.
Даҳсолаи сеюми фаъолияти аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳомии Ватан» солҳои 2013-2023-ро дар бар мегирад, ки сухан, аллакай, дар бораи артиши муосири касбӣ меравад. Аз мутолаа ва таҳлилу омӯзиши матолиби нашрия аён мегардад, ки Тоҷикистони азиз дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат Артиши миллиро ба як неруи пуриқтидоре табдил додааст, ки афсарону аскарони Ватан, бо масъулияти баланди меҳанпарастӣ, савганди садоқатмандӣ, иродаи қавӣ, интизоми намунавию сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва муҳимтар аз ҳама бо ифтихору сарфарозӣ аз Ватану ватандорӣ метавонанд, бе ягон мамониат қудрати дифоии кишвар, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистонро таъмин намоянд. 
Умуман, таҳлили ҳамаҷониба ва мутолааи саҳифаҳои рангини рӯзномаи «Ҳомии Ватан», таърихи мухтасари бунёди давлатдории тоҷикон, марҳилаҳои пурпечутоби Тоҷикистон, ҷоннисории ҳамватанон, гузоштани нахустин хиштҳо дар пойдевори Артиши миллӣ ва дар зарфи беш аз 30 сол бо ранҷу машаққат, талошу заҳмат ва хизматҳои содиқонаву софдилона, ноил шудан ба ҳаёти орому осоишта ва расидан ба ҳама комёбиву муваффақиятҳои арзанда ниҳоят барҷаста тасвир ёфтааст. Ин аст, ки рӯзномаи «Ҳомии Ватан» имрӯз дар байни ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун маҳбубияти зиёдеро касб намуда, нақши он дар бозтоби ҳаёти муҳофизони Ватан бисёр назаррас мебошад.
Аминам, ки минбаъд низ ҳайати эҷодии рӯзнома тамоми неруву қобилияти зеҳнии хешро ба офариниши беҳтарин очерку мақолаҳо, нигоришу гузоришҳо ва маводу матолиби боз ҳам ҷолибу шавқовар равона карда, саодати зиндагии шаҳрвандони кишвар ва муҳофизони Тоҷикистони азизро боз ҳам рангинтар мегардонанд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив