БА ДАШТИ БОВУД ОБ ОМАД
Паёми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, дар ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамовозии ватандӯстонаро ба миён овард. Дар партави Паём Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, ки дар солҳои наздик як қатор амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ҷо овард, тасмим гирифтааст, ки дар соли нави 2024-ум низ ин иқдомҳои муҳимро дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки боиси рушди деҳот мегарданд, ба ҷо оварад.
Тибқи иттилои роҳбари Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳукумат Шарифов, дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар 18 иншооти самти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бунёд мегардад. Дар арафаи Соли нави милодии 2024, аллакай, биноҳои маркази такмили эҷодии кӯдакону наврасон, пули мошингузар ба ҷониби деҳаи Гишхун аз болои дарёи Ванҷоб, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Пшихарв ва Даштаки деҳоти Вотхуд бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар бунёди хатти обгузари мавзеи Дуобгӣ – маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Рохарв ва деҳаи Бовуд дар масофаи 4,5 километр ба анҷом расиданд. Сокинони маҳаллаи Бобоҷон Ғафуров ва рустои Бовуд бо оби ошомиданӣ ва бештар аз 30 гектар замину боғҳои ин масир бо оби полизӣ таъмин гардиданд. Сохтмони биноҳои бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Бичхарв ва Одешти ҳудуди деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев низ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом хоҳанд расид.
Ҳамзамон, соли 2024 дар деҳаи Убари Даргов толори варзиш, дар рустоҳои Рав ва Пои Мазор биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи иморатҳои фарсудаи мактабҳои ҳанӯз солҳои панҷоҳум ва шастуми асри гузашта сохташудаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта мешаванду симои деҳот ба куллӣ дигаргун мегардад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, сокини ноҳияи Ванҷ