ТОЛИБИ РОЗӢ ВА ШИНОХТИ НАВИ «ШОҲНОМА»
Замон ҳар лаҳза тағйир ёфта, дар ҳама соҳаҳо таъсири ногузир мегузорад. Аз ин ҷост, ки дарёфти иттилоъ ва осон дастрас намуданаш беш аз пеш муҳим гардидааст. Дар ин миён муносибат бо китоб ҳамчун манбаи муҳими иттилоот ва ҷанбаи қавии худшиносӣ низ тағйир ёфта, он дигар танҳо бо маҳсулоти коғазӣ маҳдуд нашуда, аз лиҳози физикӣ низ дигаргун мегардад. Ин дигаргунӣ ба дастовардҳои фановарии иттилоотӣ марбут аст. Китобҳои дар шакли матнҳои алоҳида чопшударо ба оҳистагӣ маводҳои аудиовизуалӣ иваз намуда истодаанд. Дар ин раванд, дар шакли электронӣ дастраси умум гардондани осори гузаштагонамон, ки ҳамвора дар тақвияти ҳисси миллӣ ба ҷавонон мадад хоҳад расонд, хеле муҳим мебошад. Дар ин кор саҳми корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Толиби Розӣ, ки яке аз пажӯҳишгарони соҳаи забоншиносии компютерӣ шинохта шудааст, хеле назаррас аст.
Ӯ собиқаи фарҳангсозии гуногунро аз эҷоди вожаномаҳои абёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, осори Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва чанде дигарро дорад. Ин амал дар мавриди дастрасӣ ба “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ барҷаста аён гаштааст. Толиби Розӣ дар се китоби худ – “Фарҳанги алифбоӣ - басомадии вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Фарҳанги басомадии вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ва “Фарҳанги з-онсӯи (чаппаи) вожагони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ин масъаларо ботафсил пайгирӣ намудааст. Дастрасӣ ва баррасии вожаҳои “Шоҳнома” хеле бамаврид ба назар мерасад. Дар мо “Шоҳнома” чандин маротиба нашр шудааст. Чопи охирини он бо кӯшиши устодон Зоҳир Аҳрорӣ ва Камол Айнӣ анҷом шуда, даҳ ҷилдро дар бар мегирад. Табиист, ки имкони дастрас намудани даҳ ҷилд мушкил мебошад. Бинобар ин, ягона роҳи дастрас кардани он ба аҳли ҷомеа нашри электронӣ ва дар шабакаи интернет ҷойгир кардани “Шоҳнома” аст. Бо дарёфти нусхаи электронӣ дар шакли PDF имкони амалӣ гардондани ин кори наҷиб пайдо мегардад.
Барои ин, ба муаллиф лозим омадааст, ки манти “Шоҳнома”-ро аввал ба шакли матн, яъне “txt” ё “docx” баргардонда, сипас, онро дар шакли PDF, яъне тасвир, ба сурати электронӣ дастраси умум созад. Муаллиф аз даҳ ҷилд як ҷилди воҳид сохта, нотавонмандии матнпардози “MS Word”-ро нисбат ба коркарди файлҳои бузурги матнӣ бартараф сохтааст. Дар ин кор аз нармафзори матнпардози “notepad++2“ истифода шуд. Ҳамин тавр, матни “Шоҳнома”-и даҳҷилдӣ дар як файл ҷойгир ва имкони коркарди он ба даст омад.
Дарку коркарди илмии матни “Шоҳнома” бе эҷоди фарҳангҳои вижа ғайриимкон аст. Барои фароҳам овардани ин имкон зарурати таҳияи вожаномаҳои мазкур ба миён омад. Вожаномаҳои алифбоӣ, басомадӣ ва ғайра, ки барои нисбатан осон кардани дарки “Шоҳнома” аз зовияҳои гуногун ёрӣ мерасонанд, мақсади асосии муаллиф мебошад. Вожаномаи алифбоӣ нишон медиҳад, ки дар “Шоҳнома” кадом вожаҳо истифода шудаанд, вожаномаи басомадӣ кадом вожаҳо ба кадом теъдод истифода шудаанд, муайян сохтааст, вожаномаи з-онсӯ ё чаппа қофия ва радифҳои дар “Шоҳнома” корбастшударо муайян месозад.
Агар ба инобат гирем, ки матни кулли “Шоҳнома” бештар 106 ҳазор мисраъ ё бештар аз 50 ҳазор байтро дар 1043 достон ҷамъ овардаву дар онҳо зиёда аз ним миллион вожа истифода шудааст, ҳаҷму муҳимияти кори анҷомдодаи Толиби Розӣ баръало рӯшан мегардад.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3