ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРТОВҲОИ ОБӢ. АЗ ИФЛОСШАВИИ УҚЁНУСҲО ТО ХАТАР БА САЛОМАТИИ ИНСОН

ПАРТОВҲОИ ОБӢ. АЗ ИФЛОСШАВИИ УҚЁНУСҲО ТО ХАТАР БА САЛОМАТИИ ИНСОН

09 январ 2024, Сешанбе
163
0

Инсоният аз  уқёнусҳои  ҷаҳонӣ  сарватҳои  ғизоӣ, энергетикӣ  ва  маъданию химиявӣ  мегирад. Дар солҳои  охир  ифлосшавии  уқёнусҳои  ҷаҳонӣ  ва  обанборҳо инсониятро ба  ташвиш овардааст.  Сарчашмаҳои  асосии  ифлосшавии уқёнусҳои  ҷаҳонӣ  ва  обанборҳо  партовҳои  соҳаҳои  маишӣ,  саноат,  пайвастагиҳои  нафтӣ  ва  моддаҳои  радиоактивӣ ба  шумор  мераванд.

Ифлосшавии  уқёнусҳо бо  нафт  ва  моддаҳои  радиоактивӣ  яке  аз  мушкилоти  рӯз ба  шумор  меравад. Тайи  чанд  даҳсолаи охир  уқёнусҳои  ҷаҳонӣ  бо  нафт  ва  пайвастагиҳои он,   металлҳои  вазнин,  пестидсидҳо ва  дигар  моддаҳои  заҳрнок  ифлос  шудаанд, ки  барои  ҳаёту  афзоиши  ҳайвонот ва  рустаниҳои обӣ  хеле  хатарнок  мебошанд.  
Умуман, ифлосшавии  обҳои  уқёнусҳои  ҷаҳонӣ  ва  обанборҳоро ба   намудҳои зерин  ҷудо  кардан  мумкин  аст:
1. Ифлосшавии  маъданӣ – ҳангоми вайрон гаштани соҳилҳо  ба  уқёнусҳо  ва  обанборҳо регу гил дохил  мешаванд;
2. Ифлосшавии  органикӣ – ба  баҳру  уқёнус  ва  обанборҳо  нафт, бензин,  равғанҳои  гуногун ва  пайвастагиҳои  органикӣ  ҳамроҳ мешаванд;
3. Ифлосшавии  биологӣ – дар зери  фаъолияти  бактерияҳо,  вирусҳо  ва  замбӯруғҳо   ба  вуҷуд  меояд. 
Ин  ҳолат  ҳангоми ба  муҳити обӣ ворид гаштани обҳои  ифлосшудаи  хоҷагии коммуналӣ-маишӣ,  партовҳои  коркарди пӯст ва  комплексҳои  чорводорӣ ба амал меояд, ки сабаби   пайдоиши  касалиҳои сироятӣ  мегардад;
4. Ифлосшавии гармӣ – ҳангоми истифода об ҳамчун  сарчашмаи  хунуккунанда  мавриди  истифода қарор мегирад;
5. Ифлосшавӣ бо  партовҳои  гуногун – ба  фаъолияти  корхонаҳо,  инчунин,  обҳои партови  ҳаммомҳо,   ҳавзҳои  оббозӣ ва ғайра  марбут мебошад.
Тоҷикистон  дорои  947 дарё ва кӯлу обанборҳои зиёд  буда,  аз ҷиҳати  захираҳои  об  дар ИДМ  ҷойи  дуюмро  ишғол  менамояд.
Олимону устодони  Донишгоҳи  байналмилалии  сайёҳӣ  ва  соҳибкории Тоҷикистон  доир  ба  ҳалли  масъалаҳои  экологӣ  ва  баланд  бардоштани  маърифати  экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор  корҳоро  ба  анҷом  расонда  истодаанд. 
Барои  ҳиссагузорӣ дар  масъалаи  рафъи  партовҳои  обӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  профессорону  омӯзгорони  кафедраи географияи  иқтисодӣ ва  экологияи  ДБССТ  таҳти  роҳбарии профессор Ҳамид Маҷидов  лоиҳаи  илмӣ-тадқиқотиро  дар  мавзуи “Рафъи  зарари  партовҳои обӣ – омили  асосии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон” таҳия карда,  кори илмӣ-тадқиқотиро  оғоз намуданд. Рафъи  партовҳои  обӣ  яке аз  масъалаҳои  муҳими  кишвар ба шумор  меравад ва  ҳалли  он,  пеш аз ҳама,  аз сатҳи  маърифати экологии  аҳолии  ҷумҳурӣ  ва  роҳбарияту  кормандони  корхонаҳои  саноатӣ, заводу  фабрикаҳо  вобастагии  калон дорад.
 Яке  аз  чораҳои  аввалиндараҷа барои барҳам  задани ин  ҳолати  зараровар, баланд  бардоштани  маърифати  экологии  аҳолии кишвар  ба шумор  меравад  ва ин  тадқиқоти махсусро  талаб  мекунад.
Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин  тадқиқот  гузаронда   нашудааст.  Махсусан, рафъи  зарари  партовҳои обӣ масъалаи  хеле  ташвишовар  аст ва ҳалли  он  низ  тадқиқоти махсусро  талаб  мекунад. 
Барои  гузарондани  чунин  тадқиқоти  самарабахш иҷрои лоиҳаи  тадқиқотиро  дар  мавзуи “Рафъи  зарари  партовҳои  обӣ – омили  асосии ҳифзи  саломатии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  пешниҳод  менамоем.
Иҷрои ин  лоиҳа  ҳам  аҳамияти  илмӣ ва  ҳам  аҳамияти  амалии  фоидабахш дорад. Ба  эътибор  нагирифтани  масъалаҳои  экологӣ   барои  инсоният  хатар эҷод мекунад. Бинобар ин, ба  мо зарур аст, ки  барои ҳалли  дурусти  масъалаҳои экологӣ диққати  ҷиддӣ диҳем  ва тадқиқоти  дурусту ҳамаҷониба  гузаронда,  аҳолии  ҷумҳуриро аз  хавфу  хатар эмин  нигоҳ дорем. Мо бояд  аз  ҳама  усулу  воситаҳо  истифода бурда, оби  нӯшиданию  ҳавои нафасгириамонро  тоза  нигоҳ  дошта,  баҳри  саломатии  аҳолӣ  чораҳои  зарурӣ  андешем. 
Дар лоиҳаи  мазкур  роҳу усулҳои рафъи  зарари партовҳои  обӣ  мавриди  тадқиқот қарор мегирад. Натиҷаҳои аз  лоиҳаи  мазкур  бадастомада  мавриди  истифодаи  аҳолии  минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор дода  мешавад. Мақсади асосии лоиҳаи  мазкур  аз  ҳалли  масъалаҳои  зерин  иборат  мебошад:
- рафъи  зарари  партовҳои  обии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
- муайян  намудани роҳу усулҳои  рафъи  зарари  партовҳои  обӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба ҳадди ақал расондани  миқдори манбаъҳои  партовҳои  обӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз ҷумла  дар шаҳри  Душанбе;
- рафъи  зарари  партовҳои  обиро  ба ҳифзи  саломатии  аҳолии  кишвар  равона  намудан;
- доир ба  ҳаллу фасли масъалаҳои  экологӣ ташкил  намудани курсҳои бозомӯзии  роҳбарону кормандони корхонаҳое, ки  партовҳои  обӣ  мепартоянд.

Ҳамид МАҶИДОВ,  доктори илмҳои техникӣ, профессори ДБССТ

Санаи нашр: 09.01.2024 №: 5-7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив