ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

10 январ 2024, Чоршанбе
49
0

  
8-9-уми январи соли ҷорӣ  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт. 
Дар доираи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ вохӯрӣ анҷом дод. Тавре ба мо аз Маҷлиси миллӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои муҳиму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо муҳимияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.
Бо назардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин, ба ҳадди то 500 миллион доллари ИМА расондани ин нишондиҳанда зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, пажӯҳиш ва фанноварӣ, табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равобити мустақими муассисаҳои тиббии илмии ду давлат ва идомаи анъанаҳои ташкили рӯзҳои фарҳангӣ муҳим дониста шуд.
Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки муколамаи сиёсии сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар таҳкими пайгиронаи муносибатҳо ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба нақши созанда дорад. Ҷонибҳо нақш ва аҳамияти парламентҳоро дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ хеле муҳим ва калидӣ ҳисобида, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ баён доштанд. 
Аз натиҷаи музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст. 
Дар доираи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ вохӯрд. Изҳори умед шуд, ки робитаҳои наздики Душанбе ва Теҳрон имкон медиҳанд ҷонибҳо бо назардошти иқтидори бузурги саноатӣ ва илмиву фарҳангии ду пойтахт ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро тақвият диҳанд. Дар натиҷаи сафар байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба имзо расид. Изҳори боварӣ шуд, ки санади нави ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбахши Душанбе ва Теҳрон замина фароҳам меорад.
Раиси Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон,  маҷмааи Бурҷи милод ва расадхонаи шаҳри Теҳрон дидан кард. 

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив