12 ЁДГОРИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ БА ЮНЕСКО ПЕШНИҲОД ХОҲАД ШУД
Тоҷикистон соли 2024-ум 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мекунад. Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, имсол дар назар аст, ки номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намоем. Ба ин ёдгориҳо «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард – Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дохил мешаванд. Ҳамчунин, имсол Ҷашни Меҳргон ҳам ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ гуфтанд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. Бо ин мақсад, супориш дода шуд, ки ҷиҳати густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳии таърихӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8