ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТ.  ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

ВАҲДАТ.  ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

27 феврал 2023, Душанбе
35
0
– Соли гузашта барои мардуми кишвар, бахусус сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат, хотирмону бобарор буд. Аз файзи қадами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи зархези диёр шукуфтаву ба туфайли заҳмати содиқонаи фарзандонаш, ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил гардид.
Соли рафта бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми сарбаланди шаҳри Ваҳдат соли таърихӣ буд. Ташрифи Пешвои миллат ба шаҳр ва як қатор ҷашну идҳои миллӣ далели ин гуфтаҳоянд, – иброз дошт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат.
 
ИСТИҚБОЛ АЗ ҶАШНИ МУБОРАК
Зикр бояд намуд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат дар гӯшаву канори шаҳри Ваҳдат, ташаббусҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб карданд. Роҳҳои мумфаршшуда, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, хонаҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд. То ин Ҷашни муборак дар шаҳр бунёду навсозии беш  аз 800 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол сохтмони иншооти гуногунсамт дар маркази шаҳр ва деҳоти он бомаром идома дорад. 
 
КИШОВАРЗӢ
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, бобати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Ин соҳаи муҳим зери таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, ба рушди кишоварзӣ ва бунёди иншооти агросаноатӣ диққати махсус дода мешавад. Имрӯзҳо дар шаҳр баробари афзудани маҳсулоти кишоварзӣ, гармхонаю корхонаҳои коркарди маҳсулот, ҳавзҳои моҳипарварию 16 фермаи мурғпарварӣ бунёд гардида, дар ғанисозии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас мегузоранд. 
Баҳри  амалӣ намудани дастурҳои Пешвои муаззами миллат бо заҳмати кишоварзон соли гузашта майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, бамаротиб афзуд. Бо мақсади таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозорҳои дохилӣ майдони кишти зироатҳо ба 17 236 гектар ва кишти такрорӣ ба 6 572 гектар расонда шуд. Соли 2022 кишоварзону боғдорони шаҳр 53 587 тонна ғалладона, 3 098 тонна зироатҳои равғандор, 104 446 тонна сабзавот, 16 728 тонна картошка, 16 925 тонна мева, 11 430 тонна ангур, 3 751 тонна полизӣ, 321 тонна пахта ва 93 500 тонна хӯроки чорво истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Аз ҷониби масъулону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон соли рафта беш аз 10 ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он бо нархи арзон маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намуданд.
Бо мақсади ривоҷи корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр беш аз 33 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд. Соли 2022 дар майдони 31,5 гектар боғ ва 10,5 гектар токзори нав бунёд гардида, инчунин, майдони 40 гектар боғ ва 8 гектар токзори куҳна аз нав барқарор шуд.
 Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 15 487 тонна гӯшт, 34147 тонна шир, 99 миллиону 203 ҳазор дона тухм, 88 тонна пашм, 13,4 тонна пилла ва 283 тонна асал истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши онҳо 65 дарсадро ташкил медиҳад. 
 
РУШДИ САНОАТ
Имрӯзҳо дар шаҳри Ваҳдат ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Алҳол дар шаҳр 110 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Соли гузашта 9 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, истеҳсоли хӯроки моҳӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, истеҳсоли маҳсулоти пенафол, истеҳсоли равған, ду корхонаи истеҳсоли хишти пухта ва ду корхонаи истеҳсоли қуму шағал сохта, ба истифода дода шуданд. 
 
БА КОР ТАЪМИН НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН
Таъсиси ҷойҳои нави кор самти дигари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин давра 13 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронда шуда, 110 нафар ба ҷойи кори доимӣ, 91 кас ба корҳои ҷамъиятӣ ва 115 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар шуд. Дар ин давра, 1 200 шаҳрванди бекор барои омӯзиши касбҳои гуногун ба марказҳои таълимӣ ҷалб гардида, соҳиби ҳунар шуд. Ҳамчунин, соли гузашта 2 224 ҷойи нави кор таъсис ёфт, ки аз он 939 доимӣ, 145 мавсимӣ ва 1140-тоаш муваққатӣ мебошад. 
 
ДИЁРИ МУЪҶИЗАҲО
Шаҳри Ваҳдат бо доштанаи манзараҳои зебои табиат, маконҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ машҳур аст. Бахусус, дараи Ромит яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта, бо доштани мавзеъҳои диданӣ, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодираш дер боз сайёҳонро мафтун кардааст. Тибқи арзёбии мутахассисони соҳа, дар дараи Ромит намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, рушд намудааст. Бо назардошти ин ва доштани иқтидору имкониятҳои зиёд, соли 2000 Ҳукумати мамлакат дараи Ромитро ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва туризм эълон намуд.
Як нукта боиси зикр аст, ки танҳо дар соли сипаригардида аз маконҳои сайёҳии шаҳр наздик ба 60 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ дидан кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор сайёҳ зиёд мебошад. Аз ҳисоби сайёҳон дар ин давра ба суратҳисоби ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ беш аз 4 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,3 маротиба зиёд мебошад. Айни замон дар шаҳр 267 иншоот барои қабули сайёҳон хизмат мерасонад. Барои хизматрасонии сайёҳон дар шаҳр ду ширкати сайёҳӣ “Карон тур” ва “Канас тур” фаъолият дорад. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, минбаъд  низ барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол менамояд, – гуфт Мирзо Исмоилзода.
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив