ЗАМИНА БА ОҒОЗИ МАВСИМИ САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар бӯстонсарои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва Майдони 70-солагии водии Вахш мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шуруъ гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо шинондани аввалин ниҳол ба маъракаи сабзкориву ободонӣ оғози расмӣ бахшид. Ӯ дар баробари оғози мавсими ниҳолшинонӣ масъулонро ба вусъати маъракаи ободониву сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди вилоят даъват намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон иҷрои қоидаҳои агротехникӣ марбут мебошад.
Пешниҳод гардид, ки ҳар оилаи сокини вилоят дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ, лоақал, як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд. Давлаталӣ Саид иқдоми мазкурро саҳмгузорӣ дар ободонии вилоят арзёбӣ намуда, онро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод кард.
Раис таъкид намуд, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ аз харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву сабзазоркуниро ба роҳ монем ва дар наҷоти табиату инсоният корҳои назаррасро анҷом бидиҳем.
Таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек буда, он чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Бинобар ин, ба он бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Бояд гуфт, ки бо супориши раиси вилоят дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 11.01.2023 №: 9
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)