ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ!

БО РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ!

12 январ 2024, Ҷумъа
10
0


Шукри истиқлол, ки имрӯз Ватани мо осудаву ором, миллати тоҷик муттаҳиду сарҷамъ, диёри азизамон обод ва хайру баракат дар хонадони мардум муҳайёст, ки бо роҳбарии Сарвари оқилу фарзона, ғамхори мардум ва адолатгустар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам гардид. 

Гузашти айём ва мурури замон аҳли ҷомеаро водор мекунад, ки аз таърихи миллат хулосаи дуруст барорад, ба қадри амният, оромӣ ва озодӣ расида, ободкунандаи онро шиносад ва ояндаи Ватану миллатро аз назари эътибор дур накунад. 
Ҷавонон дар ҳар давру замон идомадиҳандаи кору пайкори бузургони миллатанд. Аз зумраи чунин ҷавонони бонангу номус раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад. Ӯ дар пайравӣ ба Пешвои миллат, падари оқилу фарзона, аз  аввалин рӯзи роҳбарӣ кӯшиш дорад, ки пойтахти Тоҷикистонро ободу зеботар ва маркази намунавии маъмурии давлат гардонад. 
Ба фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар симмати шаҳрдори Душанбе, агар назар андозем, ба хулоса меоем, ки мавсуф дар иҷрои вазифа масъулиятшинос мебошад. Дар шароиту замони нав бо донишу диду назари тоза вориди сиёсат гаштааст. Ҳангоми дар вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия будан, худро ҳамчун шахси кордону ташкилотчӣ ва нисбат ба қонунвайронкуниҳо оштинопазир нишон дода, даст ба фош намудани мансабдорони порагир зад. Миллионҳо сомонӣ маблағҳои давлатиро барқарор намуд. Нисбат ба фасодкорон хотирбинӣ накард. 
Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистони азиз, маҳз дар даврони роҳбарии ӯ ободу зебо ва пешрафта шуд. Биноҳои бошукӯҳу замонавӣ қомат афрохтанд. Роҳҳо ҳамвору васеъ гардиданд, ки назирашро пештар аз ин надида будем. 
Душанбе бо гулҳои зебову рангоранг ва дарахтони сарсабзаш дил мерабояд. Махсусан, баҳорон шаҳрвандон аз манотиқи гуногуни кишвар ба дидани лолаҳои рангоранги шаҳр меоянд. Боғҳо дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр бунёд шудаанд. Шабонгаҳ пойтахт чароғон мебошад ва имкон доред озода сайру гашт намоед. 
Воқеан, диди шахси ҷавон, ба маънии некаш, дигар мебошад. Бо ташаббусҳои нав ба нав фаъолияташро ба роҳ монда метавонад. Бо раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, ки дар айни камолоти ҷавонист, мо ифтихор мекунем. Бо ӯ ояндаи шаҳр дурахшонтар мегардад. 

Сафаралӣ НАЗАРОВ, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Санаи нашр: 12.01.2024 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив