ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУРСИШ ВА ПОСУХ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

17 январ 2024, Чоршанбе
120
0

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соли 2024 - ро  Соли маърифати ҳуқуқӣ  эълон намуданд. Ҳадаф дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Доир ба аҳамияти эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ назари чанде аз рӯшанфикронро  гирд овардем, ки манзур мегардад:

Парвон Мирзозода, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
– Имрӯз маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар дараҷаи начандон хуб қарор дорад, ки ин албатта монеи рушди ҷомеа мегардад. Пешрафти давлатҳои абарқудрат аз пешрафт ва маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандони онҳо шаҳодат медиҳад. Яке аз олимони юнон Ситсерон мегӯяд, агар хоҳӣ озод бошӣ, пас ғуломи қонун бош. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд новобаста ба мансаб ва эътиқоди динӣ эҳтироми санаду меъёрҳои ҳуқуқиро дар мадди аввал гузорем. Ана, ҳамин аст, аслан, маърифати ҳуқуқӣ. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи хубе хоҳад гузошт.

Комрон Аҳмадхонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон:
– Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ аз пешниҳодҳои оқилона ва созандаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад, чун воқеан густариши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар замони истиқлолият аз мисоли ҳалталаби ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Агар кулли шаҳрвандон, алалхусус ҷавонону наврасон, ки неруи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, аз маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои бехатарӣ ва амнияти кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва ҳеҷ гуна гурӯҳҳои тундрав онҳоро гумроҳ карда наметавонад. Зеро ҳар гуна қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноят дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон сарчашма мегирад. Барои ривоҷ ёфтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мо бояд дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ҳуқуқиро бо иштироки шахсиятҳои маъруф ва ҳуқуқшиносони варзида роҳандозӣ намуда, дар ин ҷода муваффақиятҳои назаррас ба даст орем, зери партави ин пешниҳоди оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро боз ҳам баландтар бардорем. 

Ситора Абдумуъминзода, муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон:
– Ҳар нуктае, ки дар Паём ироа мегардад ё ҳар сол ба масъалае бахшида мешавад, аз ҳама ҷиҳат муҳимияти он ба инобат гирифта мешавад. Яъне, имрӯз дар ҷомеаи мо ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ зарурат пеш омад. Ман фикр мекунам эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ бисёр мушкилиҳое, ки дар мамлакат мавҷуданд, ҳаллу фасл менамояд. Албатта, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бояд огоҳии ҳуқуқии баланд дошта бошанд. Вақте сухан дар бораи як инсони комил, худшинос ва ватандӯст меравад, бояд маърифати ҳуқуқии баланд дошта бошад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи давлати худро ба пуррагӣ донад ва ҳар тағйиру иловаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ба пуррагӣ аз худ кунад. Ҳар инсоне, ки дар доираи қонун амал мекунад, ба хато роҳ намедиҳад. Тибқи қонунгузорӣ надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Аксар ҳолатҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем, вақте шаҳрвандон ин ё он кирдори ношоямро содир мекунанд, аз ҷавобгарӣ доштани амали худ огоҳ набуданашонро иброз мекунанд. Чунин ҳолатҳо зуд-зуд ба чашм мерасанд. 
Пешвои миллат супориш доданд, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шавад. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳар сол дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешавад. Акнун, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, мо нақшаи чорабиниҳои ҷадид, ки таъсиргузории он ба мафкураи ҷавонон бештар бошад, таҳия мекунем, корҳо дар ин самт ранги дигар мегиранд.

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив