ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД... НАХУСТИН ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚДИМ ШАВАД!

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД... НАХУСТИН ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚДИМ ШАВАД!

23 январ 2024, Сешанбе
116
0


Арҷгузорӣ ба хидматҳои аҳли адаб, илму маориф, ходимони давлативу ҷамъиятӣ дар меҳвари сиёсати маънавиятгароии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст ва дар солҳои истиқлоли давлатӣ мо шоҳиди садҳо ибтикорҳои шоиста дар ин арса гардидаем. Соли 2023 тавассути яке аз чунин тадбирҳои созандаву барозанда, таҷлили хотирмони 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, алломаи машриқзамин, академик Бобоҷон Ғафуров, ки сарчашма дар ташаббусҳои маънавибунёди Пешвои миллат дорад, дар саҳифаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути корномаҳои наҷибу беназири Пешвои миллат ҷаҳон шоҳиди бузургдошти 90, 100, 105, 110 ва 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров гардид. Дар доираи ин ҷашнвораҳои бузурги воқеан миллӣ корномаҳои фаровоне анҷом шуданд, ки барои фароҳамоварӣ, таҳия, нашри осори гаронмояи ин муаррихи барҷаста, тарғиби хидматҳои шоистаи ӯ ҳамчун ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳбари муассисаи бонуфузи ховаршиносии шуравӣ, абадӣ гардондани ном ва пайкори ӯ боис гашт. Ин тадбирҳои наҷиб ва барномаҳои қобили таваҷҷуҳ ҳамагӣ ба ташаббусҳои пурвусъати Пешвои маърифатпарвари тоҷикони дунё такя мекунанд. Ҳанӯз соли 1997 бо ибтикори Сарвари давлат ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии мамлакат - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи ин донишманди соҳибназар ва олими бузурги миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров дода шуд. Соли 1998, дар баробари таҷлили ҷашни бошукӯҳи 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар зодгоҳ ва ноҳияи ба номи ӯ Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ва дар маркази шаҳраки Бобоҷон Ғафуров муҷассамаи ин олим ва ходими бузурги давлатӣ қомат афрохт. Дар ҳошияи ин ҷашни бузург бо дастури Пешвои муаззами миллат масъалаи фароҳамоварӣ ва нашри осори донишманди соҳибназар ба миён гузошта шуд.  
Солҳои 1998, 2008 китоби “Тоҷикон” бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Сарчашмаи худшиносии миллӣ” нашр гардид, дар баробари ин дигар осори аллома Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби  “Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан“ (очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон) бо ҳаммуаллифии Н. Прохоров аз забони русӣ тарҷума ва ба истиқболи Ҷашни 21-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба чоп расид. Дар заминаи тавсия ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат олимони кишвар ба Институти шарқшиносии Федератсияи Россия сафар карда, барои ҷамъоварии мероси комили илмии ин донишманди бузург талошу кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Пешвои миллат дар ҳама ҷашнҳои бузурдошти аллома Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханрониҳои арзишманди илмӣ манзур намуда, паҳлӯҳои ҷудогонаи фаъолиятҳои давлатӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ ва махсусан илмии ин донишманди бузургро таҳлилу баррасӣ кардаанд, ки намунае аз онҳо дар таркиби китоби “Чеҳраҳои мондагор” ҷойи шоиста дорад. 
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 китоби “Тоҷикон” бо пешгуфтори “Шиносномаи миллат”  нашр ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми Тоҷикистон тақдим шуд. Дар идомаи ин тадбирҳои муҳим соли 2023 дар Тоҷикистон, дар баробари озмунҳои дигар, Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” доир шуд, ки он дар ҷалби ҷомеаи кишвар ба мутолааи китоби “Тоҷикон” нақши муассир ва муҳим гузошт. 
Сарвари давлат дар фаъолияти сиёсиву раҳнамосозандаи хеш ҳамеша аз андешаву афкори барҷастаи устодони бузург – Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров баҳраманд гашта, пайкорҳои ин фарзандони фарзонаи миллатро дар арсаи ҳифзи асолати миллат ва шинохти таъриху фарҳанги тоҷикон ба шоистагӣ идома додаанд. Таълифи китобҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар чаҳор ҷилд, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”, “Забони миллат - ҳастии миллат” аз ҷумлаи осоре ба шумор мераванд, ки рисолати “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар шароити нави таърихӣ ба иҷро расонда, муҳимтарин дастовардҳои таърихии тоҷикон, нақши миллати мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва саҳми беназири чеҳраҳои мондагори онро дар рушди фарҳанги инсонӣ ва афкору андешаи башарият шарҳу тафсир намудаанд. Ин китобҳои мондагор, ки дар умум таърихномаҳои муҳташам низ шинохта мешаванд, давоми мантиқии китоби “Тоҷикон” ба шумор мераванд, ки хидматҳои Пешвои миллатро дар ҷодаи идомаи корномаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров бозгӯӣ ва шарҳу баён мекунанд. 
Тавре ҳамагон огаҳ ҳастем, дар суханронии хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки “масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ,  мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалиро омӯхта, пешниҳод манзур намояд”. Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат, дар баробари тақдир аз заҳмату талошҳои шоистаи аҳли таҳқиқ, хоса муаррихону ҷомеашиносон боз ҳам арҷу эҳтиром гузоштан ба шахсият ва корномаҳои безаволи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин дастур ва ҳидояти Пешвои миллатро олимону муҳаққиқони риштаҳои таърих, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносону пажӯҳишгарони фарҳанги миллӣ бо камоли ихлос ва иродат истиқбол менамоянд ва шукргузор ҳастанд, ки тавассути ин иқдоми навбатии Сарвари маорифпарвар олимони кишвар баҳрамандӣ ва дастгирӣ хоҳанд ёфт. 
Ман, пеш аз ҳама, ҳамчун роҳбари муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии кишвар – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз номи ҳайати бештар аз 30-ҳазорнафараи устодону кормандон, олимону донишҷӯён пешниҳод менамоям, ки бо назардошти хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқи масоили мубрами таърихи миллат, таълифи чандин асарҳои муҳим дар шинохти дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон, муҳимтар аз ҳама, ташаббусҳои шоиставу нодир дар арсаи фароҳамоварӣ, таҳқиқ ва нашри мероси аллома Бобоҷон Ғафуров, абадӣ гардондани номи ин фарзанди фарзонаи миллат нахустин Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дар як вақт унвони доктори ифтихории Донишгоҳи мо тақдим карда шаванд.  

Аюб УСМОНЗОДА, ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров», доктори илмҳои таърих, профессор

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив