ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОЛИНБОФӢ. ТАТБИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲА ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАД?

ҚОЛИНБОФӢ. ТАТБИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲА ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАД?

25 январ 2024, Панҷшанбе
82
0


Бо назардошти аҳамияти соҳаи қолинбофӣ дар ҷумҳурӣ, солҳои охир ба рушди он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардид ва татбиқи он имрўз самаранок ба роҳ монда шудааст. 

Дар Барномаи мазкур, дар баробари ҳадафҳои миллии Тоҷикистон, амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонии сармоягузорон, таъсиси корхонаҳои нави қолинбофӣ, воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, кам кардани маҳсулоти воридотӣ, таъмини ҳарчи бештари бозори дохилӣ бо қолинҳои истеҳсоли ватанӣ ва афзоиши саҳми содироти маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст. Мақсади асосии Барнома фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаи қолинбофӣ, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли қолин, тақвияти иқтидори содироти маҳсулоти тайёр, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба ҳисоб меравад. 
Мавриди зикр аст, ки бо кумаки доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ дар мамлакат  тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Қабули барномаҳои рушди соҳаи қолинбофӣ барои солҳои 2014-2020 ва 2021-2025, ки ба рушди ин соҳа дар Тоҷикистон мусоидат карданд, гувоҳи ин гуфтаҳост.  Тибқи Барномаи нав ва дурнамои истеҳсоли қолинҳо, то соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ дар ҷумҳурӣ ба 7 миллиону 800 ҳазор метри мураббаъ расонда мешавад, ки ин ба таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад. Ин нишондод нисбат ба соли нахусти амали Барнома (соли 2021) 150 дарсад зиёд мебошад. 

СОЛИ ГУЗАШТА НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚОЛИН 106, 2 ДАРСАД ИҶРО ШУД

Акмал Шарифов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, иброз дошт, ки қолинбофӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати сабук дар мамлакат маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин, масъулон пайваста кўшиш доранд, то ки нақшаи дурнамои дар барнома пешбинишударо барзиёд ва босифат иҷро намоянд. Тибқи нақшаи барнома, дар соли 2023  истеҳсоли 5500 ҳазор метри мураббаъ қолин ва 800 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои тафтингӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 5738,7 ҳазор метри мураббаъ (104,4 %) қолин ва 949,6 ҳазор метри мураббаъ (118,7 %) қолинҳои тафтингӣ истеҳсол шудааст. Дар маҷмуъ, соли сипаришуда аз ҷониби корхонаҳои қолинбарории кишвар ба миқдори 6 миллиону 688,3 ҳазор метри мураббаъ (106,2 %) қолинҳои гуногун истеҳсол  шудаанд.            
Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳунармандон, хусусан бархўрдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид, имкон дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон, дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёбад. Натиҷаи пурсамари ин иқдом аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат соли гузашта ба миқдори 1601 дона қолини дастбоф истеҳсол шудааст. 
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ панҷ корхонаи қолинбарорӣ – ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум”, ҶДММ “Қолинҳои Душанбе, ҶДММ “Мавлоно Румӣ”, ҶДММ “Тоҷ Фейза” ва ҶДММ “Қолинҳои диёр”  ба қайд гирифта шудааст, ки фаъолияти пурсамар дошта, ба истеҳсоли қолинҳои гуногуннавъ машғуланд.
Барномаи рушди қолинбофӣ ба корхонаҳои соҳа имкон дод, ки таҷҳизоти технологии худро такмил ва ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш диҳанд, рақобатпазирии маҳсулоти худро ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ баланд бардоранд. Ба шарофати дастгирии давлатӣ ва барномаи азнавсозии техникӣ, имрўз  корхонаҳои қолинбарории кишвар бо 24 дастгоҳи қолинбофии ширкатҳои хориҷӣ  муҷаҳҳаз шудаанд. Иқтидори истеҳсолии дастгоҳҳои қолинбарории кишвар дар як сол зиёда аз 10 миллион метри мураббаъ қолин мебошад.  

СОДИРОТ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ ҚОЛИНБОФӢ

Яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба он нигаронда шудааст, ки ҳаҷми содироти тамоми номгўи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар ба роҳ монда шавад. Бо назардошти ин, содироти қолин низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои қолинбофӣ маҳсуб меёбад. Соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои қолинбарории ватанӣ  ба маблағи 337,2 ҳазор доллари ИМА маҳсулот ба Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Федератсияи Россия содирот  шудааст.
Тибқи маълумоти гумрукӣ,  дар соли 2023 аз кишварҳои Ўзбекистон, Туркия, Эрон, Беларус ва Федератсияи Россия қолинҳои гуногун ба маблағи 4,5 миллион доллари ИМА ворид гаштааст. 

ВОРИДОТИ ҒАЙРИРАСМӢ ВА ҚОЧОҚ МУШКИЛИ КОРХОНАҲОИ ҚОЛИНБАРОРИРО МЕАФЗОЯД

А. Шарифов изҳор дошт, ки мушкили асосии корхонаҳои қолинбарории кишвар ин ба таври ғайрирасмӣ ё бо роҳи қочоқ ворид шудани қолин ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ин ҳолат дар самти таъмини бозори дохилӣ бо қолинҳои истеҳсоли ватанӣ мушкилӣ эҷод намудааст. Илова бар ин, миқдори зиёди қолинҳо ба воситаи ширкатҳои “Карго” ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ки муайян намудани миқдори он ғайриимкон мебошад. Ин дар ҳолест, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои қолинбарории ватанӣ барои таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ имконпазир мебошад. 
– Дар нақша аст, ки соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии воридоти ғайриқонунии қолинҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи гурўҳи кории байниидоравӣ ташкил шавад.  Роҳбарият ва кормандони корхонаҳои қолинбофии кишвар минбаъд ҳам бо меҳнати фидокорона дар амалисозии иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат саҳми худро хоҳанд гузошт.  Ин иқдомҳои созанда  ба мо имкон медиҳанд, ки ба татбиқи нақшаҳои стратегии давлат ноил гардида, ҳамзамон, дар раванди  саноатикунонии босуръати кишвар саҳми босазои худро гузорем, – изҳор дошт Акмал Шарифов.                                                
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив