ФУТБОЛ. ҶОМИ ОСИЁ-2023: ТАЪРИХСОЗИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ИДОМА ДОРАД
Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Петар Сегрт дар даври ҳаштякфинал бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бо ҳисоби 5:3 ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфт.
Бозии дастаҳо шоми 28-уми январ дар варзишгоҳи “Аҳмад ибни Алӣ”-и шаҳри Ал-Райани Қатар доир гашт. Дар дақиқаи 30-юми дидор футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳанонов ҳисобро кушод. Дар дақиқаҳои иловагии вақти асосӣ (90+5) АМА тавассути Халифа ал-Ҳаммадӣ ҳисобро баробар кард. Ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ дастаи ғолибро муайян накард ва дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра маҳорати футболбозони мо баланд буд. Хусусан, дарвозабон Рустам Ятимов як зарбаро баргардонд, ки сабаби пирӯзии дигари таърихии тими миллии футболи мо гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон бори аввал дар Ҷоми Осиё ширкат карда, дар гурӯҳи “А” ҷои дуюмро гирифта, ба таври шоиста ба ҳаштякфинал ва инак, ба чорякфинал баромад.
Тоҷикистон таърихсозиро дар Қатар идома медиҳад. Расонаҳои хабарии маъруф аз футболбозони мо ва аз Тоҷикистон мегӯянд. Хабарнигори ВВС аз макони тамрини тими Тоҷикистон гузориш дода, иброз намуд, ки дар бозиҳои аввал як ё ду хабарнигорро мушоҳида мекардем, ки дар бораи футболбозони тоҷик ҳарф зананд, вале пас аз бозии шигифтангези ин тим бо Лубнон таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии маъруфи қора ва ҷаҳон ба миллипӯшони Тоҷикистон зиёд шуд ва як рӯз қабл аз бозии ҳаштякфинал ҳамаи онҳо дар макони тамрини футболбозони тоҷик буданд. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони тими миллии кишвар хатсайри чартерӣ ташкил кард ва як гурӯҳ мухлисон барои дастгирии футболбозонамон ба Доҳа рафтанд. Дар баробари ин, аз давлатҳои дигар, хусусан Эрону Ӯзбекистон ба дастгирии футболбозони мо омада буданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама аз Тоҷикистон ва бозии пурэҳсосу шигифтангезаш мегӯянд.
Наото Окии ҷопонӣ пас аз ғалаба бар Лубнон навишт: “Чӣ бозии шавқовар! Ман аз Ҷоми Осиё ҳаминро интизорам. Шигифтӣ, руҳия, ангеза... Он ба ман Копа Америкаро хотиррасон кард. Ба ман услуби бозии тоҷикӣ, ки мисли Аргентина аст, маъқул мебошад. Дар ҳоле ки аксари дастаҳои Осиё кӯшиш мекунанд, мисли усулҳои бозии аврупоӣ, аз қабили АПЛ, Ла Лига, Серия А ва ғайра бозӣ кунанд, танҳо Тоҷикистон услуби Амрикои Ҷанубиро дорад. AFC бояд ба Тоҷикистон иҷоза диҳад, ки ба бисёр мусобиқоти Осиё шомил шавад”. Наото, ки эҳтимол мутахассиси футбол аст, пас аз бозӣ бо АМА илова намудааст: “Агар футболбозони тоҷик дар дақиқияти пасҳо ва зарбаҳо беҳтар шаванд, имкон дорад, ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёбанд”.
Дар бозии дигари ин марҳала Австралия тими Индонезияро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуд.
Дигар бозиҳои марҳалаи ҳаштякфиналӣ то 31-уми январ идома меёбанд. 29-уми январ Ироқ бо Урдун (ғолиби ин ҷуфт ҳарифи Тоҷикистон дар чорякфинал хоҳад буд), Қатар бо Фаластин, 30-юми январ Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Корея, Ӯзбекистон бо Тайланд ва 31-уми январ Эрон бо Сурия, Баҳрайн бо Ҷопон вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.01.2024 №: 20