ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАШРИ КИТОБИ “ОЛИМОНИ ТОҶИКТАБОРИ ФАРҒОНА”

НАШРИ КИТОБИ “ОЛИМОНИ ТОҶИКТАБОРИ ФАРҒОНА”

30 январ 2024, Сешанбе
45
0


Бо саъй ва эҳтимоми устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона, дотсент Раҳматҷон Арслонзода ва бо сарпарастии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона китоби "Олимони тоҷиктабори Фарғона" интишор ёфт. 
Тавре дар дебочаи китоб омадааст, ҳаёт ва фаъолияти 70 нафар олимони тоҷиктабори вилояти Фарғона баррасӣ шудааст. Онҳо дар замони шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон машғули фаъолият буданду мебошанд.   
- Маҷмуа дар асоси санадҳое таълиф гардид, ки дар бойгониҳои муассисаҳои таълимии олӣ маҳфузанд ва бархеро худи олимон пешниҳод намуданд. Дар китоб перомуни тарҷимаи ҳол, феҳристи осори олимон ва адабиёте, ки ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо бахшида шудаанд, маълумоти муфид ба даст овардан мумкин аст, - гуфт Раҳматҷон Арслонзода.
Муаллиф тавассути китоб дар бораи водии Фарғона маълумоти вижаеро пешниҳод намудааст. Ин маълумот аз маъхазҳои таърихӣ гирифта шудаанд ва Фарғонаи имрӯзаро бо номҳои Паркана ва Довон зикр намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин шаҳри куҳан дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна мақоми муҳим касб намудааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив