ХАТЛОН. ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ИҚТИСОД ЗИЁД АСТ
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи кории назди раиси вилоят Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар он муовини якум, муовинон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат, мудирони шуъба, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд.
Давлаталӣ Саид оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, сухан гуфта, таъкид карданд, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва супоришу вазифаҳои пешгузоштаи Президенти кишвар масъулият доранд.
Вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва, ба ин васила, зиёд намудани ҷойҳои кор, таъмини шароити мусоид барои сайёҳон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон, бо дарназардошти мураккабу вазнин ва хатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳо бо сокинон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, кишти баҳорӣ ва барвақтӣ, ҷалби сармоягузорӣ, пешниҳоди дурусти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид дода шуд.
– Дар вилоят имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд, ки дар татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоваранд, – иброз дошт раиси вилоят. – Сарвари мамлакат дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"