ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи тадорукотии Конфронси СММ 

Ҷаласаи тадорукотии Конфронси СММ 

09 феврал 2024, Ҷумъа
26
0


Дирӯз мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҳотам Қурбонзода дар нахустин ҷаласаи тадорукотии Конфронси 3-юми СММ оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC), ки дар шаҳри Кигали кишвари Руанда баргузор гардид, иштирок намуд. 
Ҳотам Қурбонзода оид ба аҳамияти иқдомоти Тоҷикистон, инчунин, раванди амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар вокуниш ба ниёзҳои кишварҳои LLDC таъкид намуд.


Дар Душанбе масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои СҶТ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
8-уми феврал мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон Виктор Олшавский баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон бо СҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаи Созмонро матраҳ намуданд.


Рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон вохӯрд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди табодули назар қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу маориф иброз доштанд.


Ҳамоиш доир ба мубодилаи иттилоот дар пешгирии ҷиноятҳои муташаккил 
8-уми феврал бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Бюрои маркази миллии «Интерпол»-и Вазорат оид ба мубодилаи иттилооту дархост баҳри пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта ҷаласа баргузор гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба самти фаъолият, пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта, густариши ҳамкории мутақобилан судманд, таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рафъи таҳдиду хатарҳои замони муосир табодули назар намуданд. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти ВКД иттилоъ доданд. 


Дар Хадамоти иҷро вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент  ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Хадамоти иҷро вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мавзуи «Паёми сафобахш ва роҳнамои фаъолияти Хадамоти иҷро» ҳамоиш доир гашт. 
Тавре ба мо аз ниҳоди мазкур хабар доданд, сардори Хадамот, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода дар ҷаласа иброз дошт, ки: «Имрӯз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита ба расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтааст». 

Санаи нашр: 09.02.2024 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив