ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

09 феврал 2024, Ҷумъа
56
0


ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БЕШ АЗ 180 000 КОҲИШ ЁФТ
Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 46,8 миллиард сомонӣ расид, ки бо нархҳои муқоисавӣ назар ба соли пешӣ 4,6 миллиард сомонӣ бештар мебошад. Ин рақамро зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав ба рӯзноманигорон баён дошт. 
Ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, ба саноати маъдан беш аз 28 дарсад, хӯрокворӣ 24,7, электроэнергетика 17,8, сохтмон 8,6, мошинсозӣ 7,9, саноати сабук 5,5, пахтатозакунӣ қариб 5, ангишт 1,1, табъу нашр 0,7, таъминоти об 0,4, саноати нафту газ 0,3 дарсад ва дигар соҳаҳо марбут аст. Дар ин давра 729 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 4846 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Корхонаҳои нав дар ҳаҷми 320,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.  
Дар давраи ҳисоботӣ як гурӯҳ корхонаҳои саноатӣ ба Вазорат оид ба сифр будани даромадашон ҳисобот доданд. Шералӣ Кабир дар ин бора гуфт, ки теъдоди ин корхонаҳо ба 426 адад расид ва пешниҳоди маълумоти сифрӣ маънии барҳам хӯрдани корхонаро надорад. Корхонаҳое, ки ҳисоботи сифр пешниҳод кардаанд, қобилияти истеҳсолӣ доранд. Агар ду сол нишондодҳо сифр бошанд, он гоҳ ба гурӯҳи корхонаҳои бозистода ворид мешаванд. 
Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то оғози соли хониши 2023–2024 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардида, истеҳсоли либоси мактабӣ 3 миллиону 190 ҳазор донаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2022 қариб 182 000 дона кам аст. Сабабҳои асосии коҳишёбии истеҳсол дуруст ба роҳ монда нашудани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла раёсату шуъбаҳои маориф бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи либоси мактабӣ ва гарон будани арзиши истеҳсоли либоси мактабии ватанӣ нисбат ба либоси мактабии воридшаванда ба ҷумҳурӣ мебошад. 

Кароматулло АТО


Раҷаббой Аҳмадзода: "Соли 2023 дар Суғд соли рушд буд"
Дар нишасти матбуотӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  соли 2023-ро дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ бобарор арзёбӣ кард. Гуфт, ки қисми даромади буҷет ба андозаи 103,7 дарсад ба иҷро расид, ки ин ба 2 миллиарду 872 миллион сомонӣ баробар мебошад. Нишондиҳандаи корхонаҳои саноатӣ низ назаррас буда, шароит фароҳам омад, ки ба маблағи 26 миллиарду 51,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шавад. Дар маҷмуъ, зиёда аз 35 ҳазор ҷойи нави корӣ ба корҷӯён пешниҳод гардид.
Гардиши савдои хориҷии вилоят ба 2 миллиарду 794,3 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли пешин зиёд аст. Имрӯз вилояти Суғд бо 64 кишвари хориҷӣ муносибати тиҷоратӣ дорад. Содироти мол аз Суғд ба хориҷа, аз ҷумла ба кишварҳои Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Россия, Туркия, Италия, Сингапур ва ғайра 756,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
– Шароитҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки ҳаҷми маҳсулот, хусусан истеҳсоли  маъдан, сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, меваю сабзавот афзоиш ёбанд, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода ва афзуд, ки корам намудани 4-5 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ба истифода додани 12 ҳазор иншооти нави истеҳсолию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш хоҳад дод.
Рӯзноманигорон дар ҷараёни нишасти хабарӣ ба раиси вилояти Суғд оид ба вазъи корхонаҳои саноатӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, сохтмони манзил, боғҳои интенсивӣ, сифати таълим, вазъи экологӣ суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ҷовиди АШТӢ


Қобилҷон Хушвахтзода: "Муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз мешаванд"
Соли 2023 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 илмӣ-таҳқиқотии бунёдиву амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. 
Ин нуктаро Қобилҷон Хушвахтзода, президенти АМИТ, дар нишасти хабарӣ иброз дошт ва илова намуд, ки дар ин давра қариб 30 коркарди илмӣ ва технологияҳои муҳим барои татбиқ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид. 
Инчунин, зикр гашт, ки олимони соҳаи биология ва физиологияи рустаниҳо муайян карданд, ки, агар рустаниҳои лӯбиёгӣ дар таркиби алафзор 40-45%-ро ташкил диҳанд, ҳосилнокии чарогоҳҳо то 3 маротиба боло меравад.
Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки аз рӯйи ихтисосҳои муҳим шуроҳои нави диссертатсионӣ таъсис дода, муассисаҳои илмиро бо асбобу анҷом, таҷҳизот, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, реактивҳо ва дигар маводи ёрирасон таъмин менамоянд.

Лола РИЗОӢ


НАҚЛИЁТ. ҲИССАИ СОҲА ДАР ММД ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ
Соли гузашта ба воситаи ҳама гуна намуди нақлиёт дар ҷумҳурӣ 120 миллиону 576,1 ҳазор тонна бор интиқол ёфт. Аз ҷумла, тавассути нақлиёти автомобилӣ 114,1 миллион тонна ва роҳи оҳан зиёда аз 6,4 миллион тонна бо гардиши умумии беш аз 12,1 миллиард тонна/км ва қариб 900 миллион мусофир интиқол дода шуд, ки назар ба соли пешӣ зиёд аст.
Ҳиссаи соҳаи нақлиёт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат (ММД) беш аз 10,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Саҳми соҳаи нақлиёт дар ММД ҷумҳурӣ ба 8,4 дарсад расид.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли сипаришуда дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 294 садама сабт гардида, 296 кас маҷруҳ, 223 нафар ҳалок шуд. Дар қиёс ба соли пешӣ нишондиҳандаҳо зиёданд. 
Садамаҳо, асосан, аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандаҳо ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд. 
Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра буда, масъулони Вазорат ҷиҳати беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 
Муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ соли 2022-юм дар роҳҳо 2 ҳазору 335 ва соли сипаришуда 1800 аломат гузоштанд. 

Кароматулло АТО



ХАДАМОТИ ИҶРО 
Беш аз 33 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак
Дар соли 2023 ба Хадамоти иҷро 10 912 ҳуҷҷати иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардид, дар маҷмуъ, 102 141 истеҳсолоти иҷро вобаста ба ситондани алимент дар баррасии иҷрочиён қарор дорад. Хадамоти иҷро ба манфиати модару кӯдак 33 миллиону 300 ҳазор сомонӣ алимет ситонд. Бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти алимент нисбат ба 398 ҳазор қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. 
Ин нуктаро Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён намуд. 
Дар иртибот ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият”, Барно Саидвализода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра ба манфиати мардон 12 санади судӣ оид ба супурдани маблағи алимент қабул шудааст.

Судобаи ФАЙЗАЛӢ


МТС
Ҳамкориҳо вусъат меёбанд
– Қарор аст, ки дар ояндаи наздик миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои зеҳнии давлатҳои Шарқи Наздик ва Қафқоз созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад, – тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ Хайриддин Усмонзода, директори МТС.  
Номбурда афзуд, ки ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии кишварҳои хориҷӣ таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Маркази моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои ҳамҷавор натиҷаҳои самарабахш рӯи даст овард.  Соли сипаригардида бо марказҳои таҳлилию зеҳнии Туркманистон, Беларус, Чин ва Қазоқистон ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд, ки дар асоси он табодули кормандон дар назар аст.
Тибқи иттилои Хайриддин Усмонзода, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ  ва Чин, Форуми марказҳои стретегии Осиёи Марказӣ  ва Ҷумҳурии Корея мебошад.

Шодмон АБДУРАҲИМ 


ДБЗХТ
Ду ихтисоси нави журналистӣ 
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар 21 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнатӣ ҷавобгӯро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) таъсис дод, аз ҷумла, ихтисоси рӯзноманигорӣ. Ҳамчунин, ба 11 забони дар муассисаи олӣ омӯхташаванда забони нав – ӯзбекӣ илова гардид.

Дар ин бора Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар назди факултети филология ва рӯзноманигорӣ ду ихтисоси нав – рӯзноманигории байналмилалӣ ва рӯзноманигор – шореҳи масоили сиёсӣ таъсис ёфт ва аввалин донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифт.
– Ҳадафи Донишгоҳ аз таъсиси ду ихтисос ба набардҳои иттилоотӣ омода кардани журналистони забондон мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буданд, ки рӯзноманигорони мо бояд бо забонҳои хориҷӣ ва донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва дар вақту фурсати зарурӣ манфиатҳои давлату миллатро дар фазои интернетӣ дифоъ карда тавонанд, – гуфт Жило Гулназарзода.
Рисолаҳои илмии худро дар соли рафта 20 омӯзгору унвонҷӯ дифоъ кард. 15 нафар таълифи рисолаи илмиро ба анҷом расонд. 
Ба пурсиши хабарнигори “Ҷумҳурият” ректор посух дод, ки муассисаи мазкур озмуни “Шоҳномахонӣ”-ро байни донишҷӯён пиёда карда, дар наздиктарин фурсат тарҷумаи достонҳои ин асари безаволро бо забонҳои арабӣ, чинӣ, куриёӣ ба роҳ мемонад.

Б. БАҲОДУР


Муҳаммадшо Абдуллозода: "36 медали донишҷӯён аз мусобиқаҳои байналмилалӣ"

Зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммадшо Абдуллозода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, зикр кард, ки  дар соли гузашта донишҷӯён дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори 11 медали тилло, 16 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Айни замон Донишкада бо 40 муассисаи таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар соли 2023 бо 6 муассисаи олии хориҷӣ, аз ҷумла бо Академияи варзиш ва сайёҳии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии миллии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тандурустии ба номи П. Ф. Лесгофти Санкт-Петербуги Федератсияи Русия, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии “Мон-Алтиус-Улан-Батор”-и Ҷумҳурии Муғулистон, Донишгоҳи инноватсионии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавии Қазоқистон ва Донишгоҳи федералии Урали Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки ҳоло дар Донишкада наздик ба 200 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА 


Вайронкунии қонунгузории замин мавзуи доғ боқӣ мемонад
Самти асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ назорати истифодаи мақсадноки замин буда, соли сипаришуда 13447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гашт, ки нисбат ба соли пешӣ 824 ҳолат зиёд аст. Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11389 қарор қабул гардид, ки дар муқоиса бо соли 2022 – юм 369 адад зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар натиҷаи амалӣ шудани чораҳои мушаххас 10080 (75 дарсад) ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф шуд.
Ин нуктаро Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Зикр гардид, ки масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаву партов, заминҳои обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода бурда мешаванд ва азхудкунии заминҳои нав дар ин давра таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита қарор дошт. Ин аст, ки соли гузашта заминҳои таъиноти кишоварзӣ 2421 гектар ва заминҳои обӣ 3243 гектар зиёд шуданд.  Аз ҷумла, аз ҳисоби 234 гектар  заминҳои партов 223 гектар замини корам афзуд ва дар 11 гектар боғ бунёд шуд. Инчунин, аз ҳисоби 1867 гектар заминҳои чарогоҳ 1612 гектар корам шуд, дар 255 гектар ниҳоли дарахтони бисёрсола шинонданд. Дар маҷмуъ, давоми солҳои 2019 – 2023 дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххас 7216 гектар заминҳои партов кам шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ТОҶИКСТАНДАРТ
Дарёфти 1 436 643 кило  маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ

Назорати бозори истеъмолӣ ва ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони Агентии “Тоҷикстандарт”, маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ ба миқдори 1 436 643 кг  маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шуд, ки як қисми он аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигар аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон  ба талабот ҷавобгӯй набуданд, - изҳор дошт Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гашт, ки дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 84 360 кг маҳсулоти гӯштӣ, 134 826 кг равғани рустанӣ, 272 308 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 114 573 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 65 100 кг маҳсулоти қаннодӣ, 22 974 кг маҳсулоти ширӣ, 73 845 кг иловагиҳои ғизоӣ, 367 440 кг намак, 1259 кг тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ баромаданд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони маҳсулоти пастсифат чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
     
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

Санаи нашр: 09.02.2024 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив