ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ.  АЗ РУШДИ ИЛМ ТО ТАҚВИЯТИ  СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

ПАЁМ.  АЗ РУШДИ ИЛМ ТО ТАҚВИЯТИ  СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

12 феврал 2024, Душанбе
80
0


Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои оянда муайян намуда, оид ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, иқтисоду саноат, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. 


Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, зеро бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф ғамхорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. 
Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифатгардонии аҳолӣ, рушди илм, махсусан илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳо роҳандозӣ намудаанд. Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат сухан гуфтанд. 
Умуман, Паёми Роҳбари давлат заминаи бузурги ақлониву маънавӣ, пояи иттиҳоду иттифоқ ва ҳамкорӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Муҳаммад ҲАСАНОВ,
сардори маркази иттилоот ва технологияи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив