ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРЗҲОИ НАВИ ОМӮЗИШИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРЯХҲО ДАР МДИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”

ТАРЗҲОИ НАВИ ОМӮЗИШИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРЯХҲО ДАР МДИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”

01 март 2023, Чоршанбе
51
0
19 январ дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки директори  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва аҳли кормандони Муассиса тарзу усулҳои нави омӯзиши сатҳи байналмилалии пиряхҳо тавассути таҷҳизоти лазерии “Пикаро”  расман ба роҳ монда шуд.
 
Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ таъсис дода шудааст.
Дар маросими ба кор омода кардани таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муассисаи мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.   
Зимни баромади худ директори  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода аз ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамзамон, аҳамияти эълон гардидани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муфассал шарҳ дода, зикр кард, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад намуд. 
Сипас, дар чорабинӣ директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз намуд, ки  озмоишгоҳи мазкур баҳри  амалӣ намудани ташаббуси 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  ташкил гардида,  дар самти рушд ва тақвияти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ такони нав хоҳад бахшид. Инчунин, мавсуф гуфт, ки  бо дастгирии МАГАТЭ дар доираи ҳамкориҳои судманд таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ фаъол гардида, имконият медиҳад, ки минбаъд омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо тарзҳои инноватсионӣ  ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ низ ду ҳуҷраи кориро барои фаъолияти минбаъдаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бо мақсади нисбатан хуб ба роҳ мондани таҳқиқоти инноватсионии сатҳи байналмилалӣ ҷудо намудааст,  ки ҳадаф аз ин дастгирӣ, пеш аз ҳама,  ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо маҳсуб меёбад.
 
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив