ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОВАЛИНГ. САФАРИ ХОТИРМОН БО «ҶУМҲУРИЯТ»

ХОВАЛИНГ. САФАРИ ХОТИРМОН БО «ҶУМҲУРИЯТ»

20 феврал 2024, Сешанбе
12
0

 
Он рӯз, ҳатто барфи деринтизор гӯё дониста борид ва мо – гурӯҳи журналистони рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро аз шаҳри Душанбе ба сӯи Ховалинг ҳамсафар шуд. Ҳаво сард, вале дилҳо гарм: саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, касби дӯстоштании рӯзноманигорӣ ва «Ҷумҳурият»-и созанда, ки ману моро месозад.
 Бо чунин эҳсоси лабрез аз шодмонӣ ба роҳи ҳамвори мумфарш, қаторҳои дарахтон, киштаҳо, майдонҳои шудгоршуда менигаристам, аз ободии диёр ва табиати зебои фасли зимистон меболидам. Талу теппаҳои барфпӯш мафтун мекарданд: ҳар қадар мошин ба пеш ҳаракат мекард, кӯҳҳои баланди барфпӯш наздик меомаданд, ҳавои ҳам барфу ҳам офтобӣ, ҷо-ҷо сабзаҳо дамида табиати афсонавиро ба миён овардаанд, ки ба дилҳо сурур бахшид. 
Ронанда дар баробари сифати роҳҳо, бомуҳаббат аз табиати зебои кишвар ва ободкориҳои чанд даҳсолаи охир нақл кард. Ба суханони ӯ гӯш фаро дода, ба атроф назар дӯхтам. Воқеан, шоҳкориҳои чанд соли охир шоистаи таҳсин аст. Сар карда аз бунёди роҳу пулҳо то хурдтарин иншооти хизматрасонӣ зиндагии аҳолиро беҳтару хубтар кардааст.
– Ҳоло, агар нақбҳо дар ағбаҳои Чормағзаку Шаршар намебуданд, дар ин сармо рафтуомад кардани мо – шаҳрвандон, чунин осон намебуд, –  сухани ҳамсуҳбатамро тасдиқ кардам, ки айнан чунин гуфтанӣ буд. 
Дар ҳавои суҳбат ғарқ гаштему нафаҳмидам, ки чӣ сон аз шаҳри Норак убур намудаву ба ноҳияи Данғара расидаем. 
Роҳҳо мегузаранд аз байни даштҳое, ки корам шудаанд, токзорҳо, боғҳои гелосу себҳо ба чашм мехӯранд, заминҳое, ки гандумоваранд. Роҳҳо ба самти Данғара, Восеъ, Кӯлоб, ҳамчунин, самти Кангурт ва Балҷувону Ховалинг мебаранд. Ноҳияҳо, шаҳраку деҳот дар ҳоли рушданд. Бунёди биноҳои замонавии давлатию хусусӣ, иншооти саноатӣ ва муассисаҳои фарҳангию таълимӣ далели онанд, ки дар заминаи чунин иншоот ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. Ин ҷо аз истеҳсоли нахи пахтаю ришта то пойафзолу маҳсулоти шустушӯӣ ба роҳ монда шудааст ва сокинон аз маҳсули дастранҷи истеҳсолгарони ватанӣ бархӯрдоранд. 
Аз дидани ободиҳо, хусусан роҳҳои навбунёд, дил месуруд. Аз ҳама бештар ҳамкасби ҷавонам Басона Сатторзода хушҳол буд, зеро барои ӯ сафари аввалин ба Балҷувону Ховалинг буд.  Роҳҳо барои Тоҷикистон хеле муҳиманд, зеро 93 дарсадаш кӯҳистон аст ва барои мардум роҳ сохтан аз амалҳои калидист. Ҳоло моро ба Бадахшону Хатлон, Суғду Рашт ва дигар гӯшаҳо, чунин роҳҳои ҳамвору осонгузар мерасонанд. Имрӯз низ мо пай набурдем, ки чӣ тавр роҳро аз пойтахт ба Ховалинг тай кардем. 
 Ховалинг як гӯшаи хушбоду ҳавои Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад. Он дар маркази шаҳраки қадимаи Мунк доман паҳн кардааст ва аз замонҳои қадим бо таърихи бойю табиати дилфиреб ва бузургону адибонаш машҳур гаштааст. Чашмаҳои мусаффои зиёде дорад, ҳама  мафтункунанда. Ҳусни манзараю оромгоҳи бузургворони ин мавзеъ ҳар бинандаро бо муъҷизаҳояш шефта мегардонад. Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, намунае аз онҳост, ки ҳар роҳгузаре баъди зиёрат аз ин ҷойи муқаддас ғизои маънавӣ мегирад. Оид ба шарҳи ҳоли ин симои барҷаста олимону таърихшиносон ва аҳли қалам қиссаю ҳикояҳо ба табъ расондаанд. Зиндагиномаи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ барои ҳар фард ҳидоятгари роҳи ростию накукорӣ ба ҳисоб меравад. 
Қаҳрамони дигари зодаи Ховалинги бостонӣ – Восеъ, Қаҳрамони халқи тоҷик, мебошад, ки бар зидди манғитҳои Аморати Бухоро ҷангидааст, дар бораи ҷасорату далериаш аз хурдӣ тавассути китобу филмҳо дониш гирифта будам. Борҳо хоҳиши зиёрати даргоҳи ин абармарди таърихӣ доштам, ниҳоят ба мақсад расидам. Деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг – зодгоҳи пешвои шӯриши халқӣ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи манғитиёни Аморати Бухоро – Восеъ мебошад, ки ҳайати рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ин даргоҳ дидан намуд. 
Ҳавлии Восеъ бисёр хоксорона ва шакли пешинаи он то андозае нигоҳ дошта шудааст. Ҳар нафари ба ин ҷо омадаро ҳаяҷон фаро мегирад. Деворпораҳои куҳна, ҷувозхона, дарахтони зиёд, аз ҷумла дарахти чанор ва дигар ёдгориҳои таърихӣ, аз давраи Восеъ то ин вақт боқӣ мондаанд. Ин ва дигар ёдгориҳо дар Осорхонаи Восеъ баръало таҷассум ёфтаанд. Акси деворӣ, ҷойе, ки Восеъ дар суфае бо зодмандон ва дӯстон сарҷамъ нишастааст, диққати ҳамагонро ҷалб менамояд. Ҳамчунин, деҳаи Дараи Мухтор дар расм хуб нигошта шудааст. 
Ховалинги бостонӣ дорои ёдгориҳои зиёд буда, ҳар кадоми онҳо таърихи бойи халқамонро бозгӯ менамоянд. Беҳуда нест, ки Ховалингро Осорхонаи табиии дунё ном мебаранд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.02.2024 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив