ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТИ МАРҲАМАТЕ, КИ МОРО БАРОИ ТАҲСИЛ ТО БА АВРУПО БУРД

ДАСТИ МАРҲАМАТЕ, КИ МОРО БАРОИ ТАҲСИЛ ТО БА АВРУПО БУРД

22 феврал 2024, Панҷшанбе
61
0

 
Ҳар шахс аз овони кудакӣ дар дил орзуеро мепарварад. Давоми роҳи тулонии зиндагӣ ин орзу метавонад борҳо иваз шавад. Аммо замоне он лаҳзаҳоро кас ба  хотир меорад, лабханде дар чеҳрааш ҳувайдо мегардад. 

Ман ҳам ба дунболи орзуҳое будам. Орзуи ба дунё муаррифӣ кардани руъёҳои даврони кӯдакӣ, ки ҳеҷ вақт маро тарк намекард ва солҳо кӯшиш кардам, то барои амалӣ шудани онҳо бо ҳар роҳу василае иқдом намоям. Аввалан, ба навиштани ҳикояву қиссаҳои фантастикӣ оғоз намудам. Онҳоро дар сомонаҳои интернетӣ мегузоштаму аз ҳарфу сухани хонандаҳое, ки аз навиштаҳои ман баҳра мебурданд, мисли кӯдак шод мегаштам. Сипас, бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои падарам дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, ки бо ҳидоят ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи панҷ сол аст, доир мегардад, дар бахши насри номинатсияи эҷоди назму наср иштирок варзидам. 
Ин озмун таҷрибае барои ман гардид, то дар роҳи амалӣ сохтани орзуҳои дигари кӯдакӣ қадамҳои устувор гузорам. Неруи тозае бароям бахшид, то саъй намоям дар озмуни стипендияи байналмилалии президентии “Дурахшандагон”, ки он ҳам бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат барои имконияти хуби таҳсили мо - ҷавонон дар хориҷи кишвар ва такмили донишу маърифат роҳандозӣ шудааст,  иштирок намуда, бо ба даст овардани холҳои имконпазир ҷиҳати таҳсил аз рӯйи ихтисоси “Коргардон-барномасози чандрасона” тавсия гардам. Аз моҳи январи соли 2024 дар Донишгоҳи метрополитени шаҳри Манчестери Британияи Кабир таҳсили хешро давом дода истодаам. Таҳсил дар ин донишгоҳи бонуфуз, ки дар он донишҷӯён аз бештари кишварҳои пешқадами дунё таҳсил доранд, дар оянда имконият хоҳад дод, ки ба воситаи “забони тасвирӣ” адабиёт ва фарҳанги  гузаштаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Дар шаҳри Манчестер таҳсили илм намудани ман мисоли ягонаи дастгирии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат нест. Чун ҳамасола ҳазорон нафар донишҷӯён барои таҳсил дар хориҷи кишвар маҳз бо дасгирии барномаҳои байналмилалӣ мераванд ва қисмате аз онҳо аллакай таҳсили хешро ба анҷом расонда, ҳоло дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар фаъолият дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯи тоҷик хориҷ аз кишвар дар донишгоҳҳои муътабари Аврупову Амрико, Русия, кишварҳои Осиёву Уқёнусия дар зинаҳои бакалаврият, магистратура, докторантура PhD таҳсил доранд. Барои ман боиси ифтихор аст, ки дар баробари ҳазорҳо ҷавонони босаодати даврони соҳибистиқлолӣ аз марҳамат ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат баҳраманд гардида, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил дорам. Ба ин хотир, изҳори миннатдории самимонаи хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам ва имтминон дорам, ки бо анҷоми таҳсил дар ин муассисаи олӣ ба кишвари азизамон баргашта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи хешро мегузорам. 

Анушервон НУРАЛӢ,
донишҷӯи Донишгоҳи метрополитени шаҳри Манчестери Британияи Кабир дар асоси  стипендияи байналмилалии президентии “Дурахшандагон” 

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив