ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

22 феврал 2024, Панҷшанбе
112
0

 
Шукронаи соҳибистиқлолӣ ва Роҳбари дурандешу хирадманд, имсол 31-умин солгарди таъсиси Артиши миллиро ҷашн мегирем.
Ба ин муносибат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва мардуми шарифи кишварро таҳният гуфта, ба Роҳбари давлат тани сиҳату давлати поянда, ба кишвари азизамон сулҳу шукуфоӣ таманно дорем.
Воқеан, Артиши миллӣ як рукни асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфт. Ин замоне буд, ки ҷумҳурӣ ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ кашида шуда, соҳаи низомии кишвар дар ихтиёр чизе надошт. Яъне, Артиши миллии кишвар бе ягон замина ба фаъолият оғоз кард. Давра ба давра, бо ғамхориву дастгириҳои  Сарвари давлат тараққӣ карда, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба яке аз артишҳои пуриқтидор табдил ёфта, шароити зисти хизматчиёни ҳарбӣ рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Аз 1-уми  январи соли равон 40 дарсад баланд шудани  маоши хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории дигари Роҳбари давлат нисбат ба муҳофизони Ватан аст. 
Ногуфта намонад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  хизмат дар Флоти Баҳрӣ-Ҳарбии Иттиҳоди Шуравӣ нисбат ба ҳамхизматон, ки намояндагони 15 давлат будем, ғамхорӣ менамуданд. Миёни намояндагони чандин халқу миллатҳо Эмомалӣ Раҳмони тоҷик котиби кумитаи комсомоли қисми низомӣ интихоб шуданд, ки боиси ифтихори 50 нафар ҳамхизматони тоҷикистонӣ гардида буданд. Имрӯз низ ифтихор мекунем, ки ҳамхизмати мо – Пешвои миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон ҳастанд ва бо роҳбариву роҳнамоиҳояшон  Ватани азизамон сол ба сол рушд ёфтаву беш аз пеш шукуфо мегардад.

Бо эҳтирому самимият ҳамхизматони Пешвои миллат:
Ҳабибулло НЕЪМАТОВ, шаҳри Ваҳдат, 
Абдуҷаббор САЪДУЛЛОЕВ, ноҳияи Рӯдакӣ,
Зайниддин САЪДИЕВ, ноҳияи Панҷ,
Пирумшо ХОҶАЕВ, шаҳри Норак,
Одина ҲАЛИМОВ, ноҳияи Ёвон

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив