ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 

ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 

22 феврал 2024, Панҷшанбе
25
0


Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян шудаанд, чун ҳамеша аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни кишварамон ҳамовозии гарм пайдо намуд. 
Вобаста ба ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ,  мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод Тағоймурод Ғуломов андешаҳояшро пиромуни Паём чунин иброз намуд:
– Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамешагӣ таъкид сохтанд, ки рушду ривоҷи соҳаи маориф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз туфайли ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия беш аз пеш беҳтар мегардад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои ахир хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар дар олимпиадаву озмунҳои мухталифи байналмилалӣ ғолиб омада, эътибору нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд. 
Дар баробари ин, бояд таъкид сохт, ки ба шарофати иқдомҳои камназири Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар, мақоми омӯзгор дар ҷомеа торафт боло рафта, чун раҳнамои аҳли ҷомеа эътироф гардидааст.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилоти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар сиёсати иҷтимоии давлат афзалиятнок будани соҳаи маорифро таъкид карда, ба Ҳукумати мамлакат дар бораи аз 1-уми июли соли 2024 оид ба 40 дарсад зиёд кардани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, илм ва фарҳанг, варзиш, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо супориш доданд. Инак, чанде пеш вобаста ба ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки, бешубҳа, ба кормандони тамоми соҳаҳо руҳу илҳоми тоза бахшид.  
Мо – кормандони соҳаи маориф, бо шукргузорӣ аз Ватани ободу осуда ва ваҳдати миллӣ ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия равона намуда, ба ин васила, ҷиҳати шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро хоҳем гузошт. 
Муҳаммад ЗОКИР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив