ҶУДО
“Tashkent Grand Slam 2024” – мусобиқаи навбатии паҳлавонони тоҷик
Мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – “Tashkent Grand Slam 2024” мебошад, ки 1-3-юми марти соли равон доир мегардад.
Барои иштирок дар мусобиқа 462 варзишгар (238 мард, 224 зан) аз 70 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро 16 нафар – 11 мард, 4 зан – намояндагӣ хоҳанд кард: Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Мӯсоев (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг), Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг).
“Tashkent Grand Slam 2024” мусобиқаи интихобии олимпӣ маҳсуб ёфта, варзишгарон бо ба даст овардани холҳо имкон доранд, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Ҳамчунин, ба ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мешавад: ҷои аввал – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 ва ҷои сеюм – 1500 евро.
ВАРЗИШИ РАҚАМӢ
Тими Тоҷикистон дар “Бозиҳои оянда” ширкат мекунад
Аз 21-уми феврал то 3-юми марти соли равон дар шаҳри Қазони Россия мусобиқаи нави технологии сатҳи байналмилалӣ – аввалин бор дар таърих "Бозиҳои оянда" баргузор мешавад.
Дар озмун тақрибан 2000 иштирокчӣ ҷалб карда мешавад. Аз ҷумла, ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, тими Тоҷикистон дар ҳайати 35 нафар ба Қазон сафарбар мегардад, ки онҳо дар мусобиқаҳои инфиродиву гурӯҳӣ ширкат мекунанд.
«Бозиҳои оянда» як чорабинии васеъмиқёси варзишии фарогири варзиш, илм ва технология, баҳамоии варзишҳои классикӣ ва рақамӣ мебошад. Бозиҳо аз рӯи 21 чорабинии инноватсионӣ (16 равияи асосӣ ва 5-то дар барномаи васеъ) баргузор мешавад. Ҳар яке аз онҳо мафҳуми “фиҷиталӣ” (физикӣ+рақамӣ)-ро таҷассум мекунад, яъне тарбияи ҷисмонӣ ва киберспорт ё технологияи VR/AR-ро муттаҳид мекунад ва маҳорати варзишгаронро дар ду ченаки қаблан ба ҳам алоқаманд месанҷад.
ВОЛЕЙБОЛ
Оғози мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе”
Барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувон сурат мегирад.
Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, мусобиқаи ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва мусобиқаи касбӣ байни тимҳои бонувон доир мегардад.
Тибқи қарор, барои ғолибони озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 140 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо мешавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37