ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИММУНИЗАТСИЯ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ МАШВАРАТӢ

ИММУНИЗАТСИЯ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ МАШВАРАТӢ

27 феврал 2024, Сешанбе
55
0

 
Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии идорашаванда, баланд бардоштани сатҳи фарогирии иммунизатсия ва беҳтар кардани  савияи дониши кормандони соҳавӣ,  давоми се рӯз бо ҷалби мутахассисони дахлдори соҳаҳои тандурустӣ, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ)  ва васоити ахбори омма дар меҳмонхонаи « Серена»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи кории машваратӣ баргузор гардид. 
– Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳим ва муассири пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.  Чӣ қадаре ки одамон бар зидди сироятҳои муайян эм карда шаванд, эҳтимоли пайдоиши эпидемия ва дигар намуди бемориҳои хатарзо камтар мегардад. Ин, махсусан, барои ҳифзи аҳолии осебпазир, ба монанди кӯдакон, занони ҳомила ва одамони гирифтори бемориҳои музмин, муҳим мебошад, – гуфт Дилшод Файзалӣ, директори генералии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.
Пеш аз ҳама, эмкунии кӯдакон барои пешгирии бемориҳои вазнини сироятӣ, ки метавонад ба оқибатҳои вазнин ва, ҳатто марг оварда расонад, мусоидат мекунад. Яъне, баробари эм намудани кӯдакон бар зидди баъзе бемориҳои сироятӣ  эҳтимоли паҳншавии сироят дар ҷомеа камтар мешавад, таъкид гардид  дар ҷаласа.
Эмгузаронӣ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемориҳои хатарноки сироятӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ,  минбаъд низ таҳияи барномаҳои эмгузаронӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти он ва фаъолона дастгирӣ кардани ин таҷрибаи муҳими тиббӣ барои некуаҳволии ҷомеа зарур мебошад.
Зикр шуд, ки иммунизатсия ё худ эмгузаронӣ усули беҳтару осонтар аз табобат буда, ҳар сол дар ҷаҳон боиси наҷоти ҳазорҳо кӯдакон аз марг ва маъюбӣ мегардад.

Руҳафзо МУРОДОВА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив