ФУТБОЛ
Гела Шекиладзе – сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон
Федератсияи футболи Тоҷикистон мутахассиси 53-солаи гурҷӣ Гела Шекиладзеро сармураббии дастаи мунтахаби футболи кишвар таъин кард. Ӯ қаблан ёвари Петар Шегрт буд.
Ситоди мураббиёни мунтахаби кишвар, ки ду соли охир дар даста кор кардааст, ҳамкориро бо тими миллии кишвар идома медиҳад. Мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокирия аз ин баъд ёвари Шекиладзе хоҳад буд. Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонҳо ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгар боқӣ мемонанд.
Гела Шекиладзе ҳамчун бозигар дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар буд. Дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст. Солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст. Илова бар ин, ёвари сармураббӣ Петар Шегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд. Г. Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro»-и УЕФА мебошад.
Таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ тими миллии кишвар аввалин бозиашро дар сафар муқобили Арабистони Саудӣ доир мекунад. Дидори дастаҳо дар доираи даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 21-уми март сурат мегирад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо тими Арабистони Саудӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар ба ҷамъомади тамринии даҳрӯза (9-18-уми март) фаро гирифта мешавад.
Сипас, футболбозони мо ба Душанбе бармегарданд ва 26-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии ҷавобии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро баргузор мекунанд.
“РАВШАН” – ғолиби Ҷоми ФФТ-2024
Бошгоҳи футболи шаҳри Кӯлоб дар бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, бори аввал ғолиби мусобиқа гардид.
Бозии дастаҳо 24-уми феврал баргузор шуда, голи ягонаро дар дақиқаи 85-ум ҳамлавар Бахтиёр Зарифов зад. Дар бозӣ барои ҷои сеюм КМВА дастаи “Барқчӣ”-ро мағлуб намуд (2:1).
Дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2024 дастаҳои “Ҳосилот” (Фархор), “Барқчӣ” (Ҳисор), КМВА (Душанбе), “Равшан” (Кӯлоб), “Вахш” (Бохтар), “Ҳулбук” (Восеъ), “Хуҷанд” ва “Эсхата” (Хуҷанд) ширкат карданд.
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Муҳаммад Наимов дар UFC сеюм пирӯзиашро ба даст овард
Размовари тоҷик Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC бар намояндаи Венесуэла Эрик Силва дар вазни сабук пирӯз шуд.
Зӯрозмоии ҳарифон, ки 25-уми феврал дар шаҳри Мехико (Мексика) сурат гирифт, 44 сония давом кард. Эрик Силва пешпо хӯрда, пояшро захмӣ кард ва муборизаро давом дода натавонист.
Ин сеюм пирӯзии размовари тоҷик дар UFC мебошад. Наимови 29-сола моҳи майи соли 2023 бар Ҷейми Малларки (Австралия) ва октябри соли гузашта бар Натаниел Вуд (Англия) дастболо гашта буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39