ҶУДО

28 феврал 2024, Чоршанбе
7
0


Гран-прии Душанбе Гранд-слам шуд
Аз соли равон сар карда, Душанбе мизбони Мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гранд-слам мешавад. Соли гузашта дар пойтахти кишвар аввалин Гран-прии ҷудо доир шуда буд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ин иқдом бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо амалӣ мегардад. Аввалин Мусобиқаи байналмилалии Гранд-слами Душанбе-2024 рӯзҳои 3-5-уми май ба нақша гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи шартнома Гран-прии Душанбе бояд чор сол баргузор карда мешуд, вале Федератсияи байналмилалии ҷудо, аллакай, дар дуюм сол сатҳи мусобиқаро як зина боло бурд. Ҳамчунин, дар ҷамъбасти соли 2023 Гран-прии Душанбе дар номинатсияи “Беҳтарин лаҳза”-и IJF мавқеъ гирифт. 
- Дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани аввалин Гран-прии Душанбе дар соли гузашта ва ташаббус нишон додани роҳбарияти шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои кишвар боис гардид, ки Федератсияи байналмилалӣ сатҳи мусобиқаро боло барад. Ин имкон медиҳад, ки варзишгарони кишварҳои бештар ба Тоҷикистон биёянд, инчунин, паҳлавонони худамон метавонанд мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар созанд, - иброз намуданд дар Федератсияи ҷудои мамлакат.  


ГӮШТИНГИРӢ
5-ум Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе
6-9-уми марти соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт 5-ум Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ – Ҷоми раиси шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. 
Тавре дар қарор омадааст, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, рушду равнақи варзиш, дарёфт ва таъмини беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Дар робита ба ин, нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гашта, аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 1437500 сомонӣ ҷудо мешавад.
Дар Мусобиқа иштироки паҳлавонони наздики 30 давлати хориҷӣ дар назар аст.


ФУТБОЛИ СОҲИЛӢ
Бразилия – чемпиони ҷаҳон-2024
15-25-уми феврал дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соҳилӣ доир гашт.
Дар мусобиқа 16 даста дар чор гурӯҳ иштирок дошт. Тими Бразилия дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Италия бо ҳисоби 6:4 ғалаба карда, маротибаи шашум унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гашт. Ин даста қаблан солҳои 2006, 2007, 2008, 2009 ва 2017 ғолиби мусобиқа шуда буд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм тими Эрон бар Беларус бо ҳисоби 6:1 пирӯз гардид.
Чемпиони ҷаҳон оид ба футболи соҳилӣ аз соли 2005 ҳар сол доир мегардад. Соли 2025 шаҳри Викторияи ҷазираҳои Сейшел мизбони чорабинӣ аст. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив