БОХТАР. ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲ
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бартараф намудани падидаҳои халалдорсозандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи сиёсӣ, ҳамзамон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба равияҳои номатлуби террористиву экстремистӣ, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр ва риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ вохӯрии озоди роҳбарони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар мулоқот намояндагони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои кор бо занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳр, дар ҷараёни ҳамоиш сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода дар мавзуи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ дар Бохтар ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ суҳбати пурмуҳтаво анҷом дод.
Шариф Назарзода оид ба ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар доираи эълон гардидани Соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ, ки ин тадбир ба баланд бардоштани савияи ҳуқуқии сокинон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа нигаронда шудааст, сухан ронда, бо нишон додани слайд-тасвирҳо ва зикри факту рақамҳо ба баррасии масъалаҳои доғи ҷомеа пардохт.
Таъкид гашт, ки тибқи таҳлилҳои соҳавӣ содиршавии ҷиноят дар ҳудуди шаҳри Бохтар тамоюли афзудан дошта, баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озод, чорабиниҳои мақсадноки маърифатӣ-ҳуқуқӣ ба коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муоширати сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ мусоидат менамояд ва танҳо дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон пеши роҳи амалҳои номатлуб дар ҷомеа, ба монанди савдои кӯчагӣ, дар биноҳои баландошёна овезон намудани либос, кӯрпаву кӯрпачаҳо гирифта шавад. Ҳамчунин, мавсуф ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани фаъолияти марказҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо, ҷорӣ кардани либоси ягона дар бозору марказҳои савдо, ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёте, ки дар назди бозорҳо гузошта мешаванд, ҳарф зада, ҷиҳати рафъи ҳолатҳои ташвишовар ҳамдастии ҳама мақомот ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро дархост намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш низ доир ба рафъи мушкилот ва омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ҳарф зада, баҳри рафъи онҳо пешниҳодҳои мушаххасу муфид иброз доштанд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42