ФУТБОЛ
Баррасии вазъи соҳа дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ
28-уми феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов дар бораи марҳалаи якуми литсензиякунонии бошгоҳҳо гузориш дод. Зикр шуд, ки дар пайи натоиҷи литсензиякунонии бошгоҳҳо ва қабули онҳо ба мавсими нав маълум гардид, ки ду даста – «Кӯктош» ва «Файзканд» ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор гашта, ширкати онҳо дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон зери суол аст. Дар робита ба ин, пешниҳод шуд, ки то 4-уми март вазъро омӯхта, ба як қарор бирасанд, ки дар мавсими нав чанд даста ширкат мекунад ва мусобиқаҳо аз рӯйи кадом шакл баргузор мешаванд.
Масъалаи лимити иштироки бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон низ матраҳ гардид. Қарор шуд, ки мисли соли гузашта, ҳар як бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷӣ дошта бошад. Дар вақти бозӣ бошад, шумораи хориҷиён маҳдудият надорад, яъне ҳамаи ҳафт футболбоз метавонад дар як вақт дар майдон бошад, то ин вақт ба панҷ бозигар иҷозат буд.
Шоҳрух Саидзода, узви кумитаи иҷроияи ФФТ, президенти бошгоҳи «Истиқлол» пешниҳод кард, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми он дар соли ҷорӣ зиёд карда шавад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла соҳаи тибби варзиш дар футбол баррасӣ гардида, таъсиси маркази тибби варзишӣ дар Тоҷикистон, ки дар он варзишгарон тавонанд пурра ба хизматрасониҳои тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд ва барои барқарорсозӣ пас аз ҷароҳат табобат гиранд, матраҳ гардид. Бо пешниҳоди аъзои кумитаи иҷроияи ФФТ масъалаи таъсиси маркази ягонаи тибби варзишӣ бояд дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дигар федератсияҳои варзишӣ баррасӣ ва ҳал карда шавад.
ВОЛЕЙБОЛ
Ғолибони “Ҷоми Formula55” муайян гардиданд
19-25-уми феврал дар «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол – “Formula55 Cup” баргузор шуд.
18 даста аз ҳамаи минтақаҳои кишвар миёни мардҳову бонувон барои ҷойҳои ифтихорӣ мубориза бурданд.
Тавре Ширкати “Formula55” иттилоъ дод, ҳадафи асосӣ аз баргузор кардани мусобиқа оммавӣ гардондани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон мебошад. “Formula55” соли сеюм аст, ки ин мусобиқаро ташкил карда, дар рушди волейболи мамлакат саҳм мегузорад.
Дар ҷамъбасти қувваозмоӣ миёни мардҳо дастаи ДСРТ ҷои якум, дастаҳои якум ва дуюми Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе ҷойҳои дуюму сеюмро касб карданд. Миёни бонувон тимҳои якуму дуюми Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе ҷойҳои якуму сеюм, ДСРТ ҷои дуюмро сазовор гаштанд. Ба ғолибону ҷоизадорон мукофотпулӣ (ҷои аввал 5555 сомонӣ, ҷои дуюм 3555 сомонӣ ва ҷои сеюм 2555 сомонӣ) тақдим гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”