ҶУДО. МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ ДАР “TASHKENT GRAND SLAM 2024”
Паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Tashkent Grand Slam 2024” ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Мусобиқа 1-3-юми март бо иштироки 495 варзишгар (255 мард, 245 зан) аз 68 давлат доир гашт. Ҷумҳурии моро 14 нафар (10 мард, 4 зан) намояндагӣ кард.
Эмомалӣ Нуралӣ дар зӯрозмоиҳои вазни -66 кг бар варзишгарони Олмон, Венесуелла, Қирғизистон ва тими бетараф дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бар варзишгари Исроил Баруш Шмайлов ғалаба карда, медали тилло гирифт. Воқеан, Эмомалӣ соли гузашта ҳам дар ин мусобиқа ҷойи якумро сазовор шуда буд.
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА. ПИРӮЗИИ ДУЮМИ ЛОИҚ РАҶАБОВ ДАР МУСОБИҚОТИ UFC
Размкори тоҷик Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаҳои UFC бори дуюм пирӯзӣ ба даст овард.
Ӯ 3-юми март дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА, дар вазни сабук рақибаш Абдулкарим ас-Севадии фаластиниро бо нокаути техникӣ мағлуб намуд.
Ин сеюм муҳорибаи Лоиқ Раҷабов дар UFC ва дуюм ғала-бааш мебошад. Лоиқ дар аввалин набардаш моҳи марти соли гузашта бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ дастболо гардида, моҳи июн аз рақибаш Матуеш Ребетски (Полша) мағлуб гардид.
Дурахши Лоиқ Қутбиддинов дар Анталия
Паҳлавони навраси тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни наврасон, ки 2-3-юми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи 8 вазн миёни писарон, 8 вазн миёни духтарон сурат гирифт, 367 варзишгар аз 19 давлат ширкат кард. Аз ҷумҳурии мо 6 нафар (5 писар, 1 духтар) ба Туркия сафарбар гардид.
Лоиқ дар зӯрозмоиҳои вазни -60 кг дар чор давр бар варзишгарони Озарбойҷон, Гурҷистон (2 нафар), Белгия ва дар финал бар намояндаи Қирғизистон пирӯз гашт.
ЧАВГОНБОЗӢ
Муваффақияти чавгонбозони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ
Тими мунтахаби чавгони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ-2024 миёни мардҳо ва занҳо ба гирифтани ду медал мушарраф шуданд.
Мусобиқа аз 26-уми феврал то 2-юми март дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон доир гашт. Миёни мардҳо дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат намуданд.
Тими мардонаи Тоҷикистон дар марҳалаи даврӣ бар дастаҳои Қирғизистон (5:0) ва Қазоқистон (2:0) ғалаба карда, аз дастаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд (0:11). Сипас, чавгонбозони мо дар бозӣ барои ҷойи якум бори дигар аз тими Ӯзбекистон мағлуб (0:7) гардида ҷойи дуюмро гирифт. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм Қазоқистон Қирғизистонро бо ҳисоби 8:0 шикаст дод.
Миёни бонувон бошад, чавгонбозони мо медали биринҷӣ ба даст оварданд. Чавгонбозбонувони Қазоқистон ҷойи аввал, Ӯзбекистон ҷойи дуюмро сазовор шуданд.
Душанбе – мизбони чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон
3-юми март дар шаҳри Тошканд, дар доираи мусобиқаи байналмилалии Гранд-слам, маросими имзои шартномаи мизбони Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон доир гашт.
Шартномаро президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва аз хазинадори генералии Федератсияи байналмилалии ҷудо Носир ат-Тамимӣ имзо карданд.
Ат-Тамимӣ гуфт: “Мо аз Тоҷикистон барои мизбонии Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон қадрдонӣ мекунем ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро барои мизбонии Гран-прии соли гузашта табрик мегӯем, ки акнун ба туфайли фаъолияти хуби федератсия ба Гранд-слам табдил ёфт. Мо барномаи ҷудои мактабҳои Тоҷикистонро дар байни дигар лоиҳаҳои беҳтарини рушд эътироф месозем. Ҳамчунин, ба тими IJF, Кумитаи иҷроияи IJF ва Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирӣ дар ташкили ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос менамоем”.
Сипас, Исмоил Маҳмадзоир аз номи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон сухан ронда гуфт: “Мехоҳам ба ҳамаи шумо, бахусус президенти IJF ҷаноби Мариус Визер барои боварӣ ҷиҳати мизбонии ду чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки баҳор ва тирамоҳи ҳамин сол баргузор хоҳанд шуд, ташаккур гӯям. Ташкили як чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар таърихи варзиши мо бори аввал аст. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои истиқболи меҳмонон ва ҷудочиён аз саросари ҷаҳон омода аст. Мо ин фурсатро қадр мекунем ва умед дорем, ки ҳамаи шуморо дар Душанбеи офтобӣ мебинем”.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44