ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТ.  ИМКОНИЯТИ ХУБЕ ДАР РУШДУ ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТ.  ИМКОНИЯТИ ХУБЕ ДАР РУШДУ ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

04 март 2024, Душанбе
24
0


Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи онҳо, инчунин, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешад. Ин аст, ки давоми соли 2023-юм дар 45 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ, 13644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаро гирифта шуд. 

Бо назардошти ин, ҷиҳати боз ҳам ҳавасманд намудани косибон дар соли 2024-ум 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ таъсис ёфт. Бояд гуфт, ки грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбу ҳунар, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронда шуда, фаъолияти мунтазами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд.
Тавре Муталиб Ормонов, сардори шуъбаи ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иттилоъ дод, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми феврали соли 2024, №73 «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» (60 грант ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ) таъсис ёфта, давоми се сол ҳунармандон метавонанд бо дарёфти 25 ҳазор сомонӣ фаъолияташонро густариш диҳанд. Барои дастрасӣ пайдо намудан ба гранти Президент байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҳунарманд, ки лоиҳааш дар озмун ғолиб омадааст, шартномаи дуҷониба ба имзо мерасад. Дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян мегарданд. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳа шаш моҳ буда, дар сурати аз худ накардани маблағҳои ҷудогардида, фаъолияти лоиҳа қатъ шавад. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагаштани лоиҳа Вазорат метавонад тибқи муроҷиати хаттии ҳунарманд муҳлати амалигардонии онро то шаш моҳ тамдид намояд. Аммо дар ҳолати ошкор гардидани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ва ё амалӣ нагардидани лоиҳа, маблағ пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонда шуда, ҳунарманд минбаъд аз ҳуқуқи иштирок дар озмун маҳрум мешавад. 
Воқеан, соҳаи ҳунармандӣ дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол ба сол рушд меёбад. Бояд гуфт, ки бо мақсади татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон имрӯз Ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро андешида истодааст. 
– Моро зарур аст, коре кунем, ки эҳё ва рушду побарҷо мондани ҳунарҳои бостонӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад. Таҳлилҳои охир нишон медиҳанд, ки шумораи зиёди ҳунармандон ба вилоятҳои Хатлон (41,4 фоиз) ва Суғд (32,9 фоиз) рост меояд. Аз ин рӯ, масъулони ҳар шаҳру ноҳияро зарур аст, дар баробари дастрасӣ пайдо кардани косибон ба грантҳо, ҷиҳати дастгирии онҳо бетараф набошанд. Ба онҳо имкон фароҳам оваранд, то ҳунари қадимии миллати тоҷикро ба наслҳои оянда омӯзонанд ва, ба ин минвол, тавонем барои ҳазорсолаҳо фарҳангу тамаддуни хешро мерос гузорем, – иброз намуд М. Ормонов.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив