ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВАО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВАО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

12 март 2024, Сешанбе
90
0

 
Воситаҳои ахбори омма дар замони муосир бо қудрати бузурги афкорсозии худ мақоми устуворро соҳиб шудаанд. Нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст. 
Дар замони истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ рушд карда, фазои иттилоотии мамлакатамон ташаккул ёфт.
Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор яке аз меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар шуда, бо мақсади рушди расонаҳои хабарӣ ва кафолати озодии баён сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ гардид (моддаи 30). Конститутсия, ҳамчунин, моликияти зеҳниро таҳти ҳимояи қонун қарор дод (моддаи 40).  
Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат нақши ҷомеаи журналистӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии мамлакат баланд арзёбӣ намуда, ин ниҳоди муҳими иҷтимоиро яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобидаанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати аввалини худ бо журналистон, ки соли 1992 дар вилояти Суғд доир гардид, рӯзноманигоронро ба фаъолтар будан дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуда, саҳми матбуоти даврӣ, умуман, кулли ВАО-ро чун василаи тавонои тарғибу ташвиқ дар ташаккули афкори омма ва пешрафти давлат бориз хонданд.
“Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад”, – ин таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат медиҳад, ки воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ эътироф гашта, дар ҳалли саривақтии масъалаҳои барои ҷомеа мубрам бармало таъсиргузор мебошанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои камназири Сарвари давлат фазои мустақили фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва эҷодкорон ташаккул ёфта, як силсила қонунҳо, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар мекунанд, ба тасвиб расида, дар рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, бо мақсади сайқал додани маҳорати касбии кормандони идораҳои воситаҳои ахбори омма бо ибтикори Сарвари давлат 1-уми марти соли 2016 Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис ёфт. Дар  он  шуъбаҳои телевизион ва радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши компютер ва ороиши дизайнерӣ амал мекунад ва бозомӯзии кормандони соҳа, асосан, дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуд. Ҳамчунин, мутахассисони соҳа метавонанд аз махзани китобхонаи муассиса, ки дорои 8000 адабиёти илмию бадеӣ ва соҳавӣ мебошад, бемамоният истифода баранд. Муҳлати таълим дар Академия аз як моҳ то як сол буда, баъди омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба шунавандагон шаҳодатнома дода мешавад. Инчунин, рафти омӯзиш бо истифода аз студияи таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ ва техникаи муосир сурат гирифта, машғулиятҳо дар ин самт бо ҷалби собиқадорону мутахассисони варзидаи соҳа, коршиносони дохил ва хориҷи кишвар аз рӯйи ихтисосҳои барои кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Роҳбари давлат дар назди Академияи ВАО чунин вазифаҳо гузоштанд:
1. Тарбияи мутахассисони болаёқати воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, аз ҷумла шабакаҳои телевизиониву радиоӣ.
2. Мусоидат ба такмили барномаҳои телевизион, боз ҳам беҳтару ҳадафрас намудани гуфторҳои радио ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардондани фаъолияти матбуоти даврӣ.
3. Ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар самти пешбурди корҳои тарғиботиву иттилоотонӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир.
4. Бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кардан бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиву ташкилотҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла созмонҳои мустақили журналистӣ, ки дар пешрафти матбуот ва озодии сухан саҳми арзанда доранд.
5. Дар ин боргоҳи илму маърифат бо ҷалби мутахассисони шинохтаи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани табодули таҷрибаи пешқадам ва сабку услуби муосир, баргузории фестивалу ҳамоишҳои касбии дохиливу байналмилалӣ.
6. Диққати махсус додан ба масъалаи омода намудани мутахассисоне, ки ба таҳияи матни барномаҳо, сенарияҳо ва таҳлили назарсанҷии соҳа машғул мешаванд ва ҷалб намудани ҷавонони эҷодкор дар ин самт.
7. Истифода аз роҳҳои муосири омӯзиши афкори ҷомеа, дар доираи барномаҳои замонавии таълимӣ ҷиддан машғул шудан ба тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони соҳа.
Сарвари давлат, инчунин, масъалагузорӣ намуданд, ки бо таъсиси Академияи ВАО бояд сатҳи касбӣ ва завқи бадеии кормандони соҳа такмил дода шуда, рушди воқеии ВАО-и мамлакат таъмин шавад. Ҳадафи дигари Пешвои миллат аз таъсиси Академияи ВАО ба вуҷуд овардани  рақобати  солим  дар  байни журналистони кишвар арзёбӣ мешавад. Ин иқдом дар навбати худ масъулони муассисаҳои олии кишварро водор месозад, ки ҷиҳати такмили маҳорати касбии худ ва омодасозии шогирдон дар самти рӯзноманигорӣ кӯшиши бештар намоянд.
Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз ибтидои фаъолият то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашонро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намудаанд. Журналистони Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минбаъд низ тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри иттилоърасонӣ, ташаккули афкори созандаи омма, баланд бардоштани маърифат, шуурнокии мардум, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату сарҷамъии халқи сарзамин ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз истифода мекунанд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”,
номзади илмҳои филология

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив