ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. 12 ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ

РАШТ. 12 ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ

12 март 2024, Сешанбе
59
0


Ноҳияи Рашт дар қатори дигар минтақаҳои Ватани азизамон дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ мебошад. Дар ноҳия имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ, агро-сайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, пиёдагардӣ, аспсаворӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ фароҳам аст. 
– Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд, – иброз дошт Зарина Идизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия.
Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 ҳостел бо 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва соҳили кӯли калони Ҷамоати деҳоти Аскалон пешбинӣ ва корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёт, дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия сохтмони 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз бунёди 15 истгоҳ ба анҷом расид. Дар заминаи истгоҳҳо нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, хӯроки тезтайёр, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ - фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд), 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 15 нуқтаи хӯроки тезтайёр бо зиёда аз 1400 ҷойи нишаст, 1 маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғон, 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия, 30 ташноб, 5 ширкати алоқаи мобилӣ, 8 филиали бонкҳо, 28 маркази хизматрасонии бонкӣ  ва 22 банкомат фаъолият доранд. Дар иншооти хизматрасонии сайёҳӣ 207 нафар фаъолият дошта, ҳамасола ҷойҳои кории нав аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.
Боиси зикр аст, ки бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия 12  хатсайри нави сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод шудааст ва тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ муаррифӣ мешавад. Дар натиҷаи таҳияи хатсайрҳои нав ва таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ҳамасола ташрифи сайёҳон ба ноҳия меафзояд. 
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ноҳия 3894 нафар сайёҳу меҳмонон, аз ҷумла 3643 нафар сайёҳи дохилӣ ва 251 нафар сайёҳи хориҷӣ ворид гардидаанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив