БОКС
Баҳодур Усмонов– соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ-2024
Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар 1-ум мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки 3-11-уми март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия доир гашт, роҳхати Бозиҳои олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.
Баҳодур дар чор давр бар намояндагони Маврикий, Марокаш, Куба ва Ҷопон дастболо шуд.
Ин сеюм роҳхати олимпии варзишгарони мо маҳсуб меёбад. Қаблан, дар Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоуи Чин ду нафар муштзани дигарамон Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) роҳхати олимпӣ ба даст оварда буданд.
2-юм ва охирон мусобиқаи интихобии олимпӣ дар намуди бокс моҳи май дар Тайланд баргузор мешавад.
5 медали варзишгарони тоҷик аз Қазоқистон
Муштзанҳои тоҷик дар аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Устоди варзиши ИҶШС, чемпиони панҷкаратаи ИҶШС аз Қазоқистон Болат Темиров 5 медал – 2 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқа 1-5-уми март дар шаҳри Атирауи Қазоқистон аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо баргузор шуд. Дар он беш аз 100 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат карданд. Тими Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар зӯрозмоӣ кард. Хусравхон Раҳимов (-57кг), Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) медали нуқра, Абубакр Муродзода (-60кг), Замирбек Қаюмов (-80кг) ва Парвиз Каримов (-92кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
ГӮШТИНГИРӢ
5-ум Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ доир гашт
8-уми март дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт 5-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон, дар мусобиқа наздики 200 варзишгар аз 40 давлат ширкат карда, дар 5 вазн миёни мардҳо ва 2 вазн миёни бонувон зӯрозмоӣ намуданд.
Миёни мардҳо дар чор вазн паҳлавонони тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-78 кг), Умар Расулов (-86 кг), дар як вазни дигар (+86 кг) паҳлавони ӯзбекистонӣ Шермуҳаммад Ҷондреев ғолиб гардиданд.
Дар байни занон Ли ван Тин аз Чин дар вазни -57 кг ва Алёна Прокопенко аз Россия дар вазни -70 кг соҳиби медалҳои тилло шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои арзишманди пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гаштанд. Фонди умумии ҷоизаҳо 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.
ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД
Паҳлавонони мо дар Анталия ду медал гирифтанд
7-10-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия 52-юм Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии тарзи озод ба хотираи Яшар Догу доир гашт.
Дар Мусобиқа, ки аз рӯи 10 вазн миёни мардҳо ва 10 вазн миёни бонувон сурат гирифт, беш аз 600 варзишгари 25 давлат иштирок кард.
Ду паҳлавони тоҷикистонӣ ба гирифтани медали ин мусобиқаи рейтингӣ мушарраф шуд. Магомед Евлоев дар вазни -74 кг медали нуқра ва Абдулмаҷид Кудиев дар вазни -65 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48