ЗАН-МОДАР ДАР ОФАРИДАҲОИ РАССОМОН
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи Модар таҳти унвони «Симои зан-модар дар офаридаҳои рассомони Тоҷикистон», намоиш баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва ҳайати роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар офаридаҳои мусаввирон, ки дар солҳои гуногун асарҳо эҷод намудаанд, мавзуъҳои ҳунармандӣ, дӯстиву рафоқат, даврони ҷавонӣ-донишҷӯӣ, варзиш, илмомӯзӣ ва дигар касбу кори зан-модари тоҷик инъикос гардидаанд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода тамоми иштирокдорон ва модаронро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик намуда, доир ба мақому манзалати зан-модари тоҷик сухан гуфт.
Дар он ҷо аз ганҷинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 40 гулчини асарҳои рассомон, аз қабили Ю.М. Казмичёв – «Симои Розия Озод» (соли 1945), И.А. Абдураҳмонов – «Пиллакорон» (соли 1955), А.Қ. Ҳайдаров – «Симои Г. Сафаралиева» (соли 1985), А. Раҳимов – «Кашидадӯз» (соли 1956), С. Шералиев – «Дар лаби чашма» (соли 1982), М.Н. Шипулин – «Симои Хайрӣ Назарова» (соли 1971), И.Л. Лисиков – «Симои Малика Собирова» (соли 1967), В.И. Жаданов – «Симои Зулфия Раҳматуллоева» (соли 1979), А.П. Белетский – «Духтар аз шаҳр» (соли 1972) ва дигар асарҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамзамон, ба намоиш якчанд асари қаламкашии рассомони тоҷик пешниҳод гардидаанд, ки симои занони сиёсатмадори мамлакатро дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки намоиши «Симои зан – модар дар офаридаҳои рассомон» то 20-уми март идома меёбад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49