ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН – ОБИГАРМ – НУРОБОД. РОҲИ НАВ РУШДИ МИНТАҚАРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

РОҒУН – ОБИГАРМ – НУРОБОД. РОҲИ НАВ РУШДИ МИНТАҚАРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

03 март 2023, Ҷумъа
292
0
 
Роҳ аз ҷумлаи муҳимтарин василаҳои зиндагисоз ба ҳисоб меравад, ки чигунагии он ба рӯзгори мардум сахт таъсиргузор аст. Ин ҷо сухан дар мавриди шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон меравад, ки маҳз пас аз навсозии пурраи он дар ин минтақа рушди иқтисодӣ ба ҷунбиш даромад ва ба бунёди ҳазорҳо иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ  мусоидат намуд. Аммо валангору пурнишеб будани роҳи муваққатии қитъаи Роғун – Обигарм – Нурободи шоҳроҳ  барои  бемамониат кашондани бору мусофирон мушкилиҳо пеш меорад. Бахусус, ҳангоми боришот гузаштан аз ин ҷо  хеле мушкил меафтад. Хушбахтона, сохтмони ин қитъаи шоҳроҳ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2021 дар мавзеи муносиб,  зебоманзару камнишеб ва канори  НБО “Роғун” ба роҳ монда шуд.
Ҳоло сохтмони қитъаи Роғун – Обигарм – Нурободи шоҳроҳ дар чанд баст дар сатҳи хеле баланд бо ҷӯшу хурӯш ҷараён дорад.  Барои иҷрои босифату саривақтии кор беш аз 400  мутахассиси дохилию хориҷӣ ва  110 техникаву механизми гуногуни роҳсозӣ ҷалб гардида, қариб дар 50 нуқта ба таври густурда фаъолият доранд.  Аз шумораи умумии кормандон зиёда аз 300  нафар  мутахассисони маҳаллианд.
Ба маълумоти Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  масофаи умумии роҳ 76 километр аст. Дар ин ҷо сохтмони  3 нақб бо дарозии умумии тақрибан 5910 метр  ба роҳ монда шудааст. 
– Нақби Қандак – 1610 метр, Қарағоч – 1701  ва  Тагикамар 2589 метр. Қисмати дигари иншоот  пули бузургест, ки ба дарозии 760 метр аз ҷониби ширкати “Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture"-и Кореяи Ҷанубӣ  аз болои дарёи Вахш бунёд хоҳад ёфт. Корҳои сохтмони роҳ вусъат бахшида шудаанд. Талош дорем, ки  бунёди роҳи навро аввали  соли 2024 пурра ба анҷом расонем, – изҳор дошт номбурда. 
Воқеан, сохтмони  иншооти мазкур  боиси он мешавад, ки шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон боз ҳам ҳамвортар ва барои боркашонӣ хеле мусоид гардад. Зеро айни замон дар минтақаи Обигарму Нуробод  фақат ҳамин қитъаи шоҳроҳ, ки барои истифодаи муваққатӣ дар минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун” ҷойгир аст,  харобу пурнишеб мебошад. Роҳи нав дар мавзеи ҳамвору доманфарох бо сифати баланди стандарти ҷаҳонӣ сохта мешавад. Он аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он ба 12 – 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд. Қисмати роҳи мошингард бошад, аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонда мешавад. Дар ҳолати бунёди пурраи он шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон ба як масири комилан оинагунаи роҳатбахш табдил меёбад. Дар ин сурат, боркашонию мусофирбарӣ барои ҳамагуна воситаҳои нақлиёт осону бехатар гардида,  кишоварзони минтақа барои фурӯши бевоситаи маҳсулоти худ ба бозорҳои марказии мамлакат бештар дастрасӣ пайдо мекунанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳусни оғоз бахшидани бунёди роҳи Обигарм – Нуробод  зикр намуданд: 
“Таъкид месозам, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин, дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва, бо ҳамин роҳ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Яъне, роҳ бо сатҳу сифати беҳтарини ҷаҳонӣ бунёд гардида, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол тавассути он дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад”.
Воқеан, фароҳам шудани шароити хуби ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт боиси коҳиш ёфтани нархи хизматрасонии нақлиётӣ ва ҳам воридоти зиёдтари маҳсулоти арзонтар ба пойтахт хоҳад гардид. Ба ин васила, тиҷорат дар яке аз минтақаҳои хеле бузурги кишвар – Рашту Бадахшон дучанд рушд меёбад. Яъне, кушода шудани  роҳи нав пайи ободӣ барои мардум фаровонии бештар ҳам,  меорад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.03.2023 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив