ТАЕКВОНДО
Мунира Абдусаломова ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат гирифт
Варзишгар Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, дар вазни беш аз 67 кило муқобили намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб (Салма ат-Кетбӣ) бо ҳисоби 2:0 ва Қазоқистон (Дениз Кансел) бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа се варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (-67 кг) ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) шомил буданд, аммо танҳо Мунира муваффақ шуд.
Варзишгарон дар ҳашт вазн – чор вазн миёни мардон ва чор вазн байни занон барои ба даст овардани роҳхатҳо талош карданд. Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода шуд, яъне варзишгароне, ки ба финал баромаданд, имкони ширкат дар бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.
XXXIII Бозиҳои олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш дохил гаштааст.
Ин чорум роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2024 ба шумор меравад. Қаблан дар намуди бокс Миҷгона Самадова (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) роҳхати олимпӣ ба даст оварда буданд.
ГӮШТӢ
Медали нуқраи варзишгари тоҷик дар Анталия
Паҳлавони тоҷик Алишер Рӯзиматов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштӣ – Ҷоми ғалаба, ки 12-14-уми март дар Анталияи Туркия доир гашт, медали нуқра гирифт.
Дар мусобиқа беш аз 350 варзишгар аз давлатҳои Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Олмон, Нидерланд, Венгрия, Албания ва ғайра ширкат доштанд.
Алишер Рӯзиматов дар зӯрозмоиҳои вазни -80 кг ҷои дуюмро сазовор гашт. Дар ин вазн Орҳан Ҳоҷиев (Озарбойҷон) ҷои аввал, Беҳном Муҳаммадӣ (Эрон) ва Йигит Ҳамза (Туркия) ҷои сеюмро ба даст оварданд.
ФУТБОЛ
Омодагии тими олимпии Тоҷикистон (U-23) ба Ҷоми Осиё-2024
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар Душанбе ҷамъ омада, омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард.
Мубин Эргашев ба ҷамъомади тамринӣ 26 бозигарро даъват кардааст. Ба ҳайати даста бозигарони нав шомил шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол») ва Одилҷони Анӯшервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).
Дар доираи тамринҳо мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 20 ва 23-юми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни футболбозони то 23-сола тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) сабқат мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52