ХАЛТАЧАИ НАВРӮЗӢ. ЧАРО ОН ФАРОМӮШ ШУД?
Чанд сол пештар аз ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки ба хотири таҷлили бошукӯҳтар ва хотирмонтари Ҷашни Наврӯз омодасозиву тақдими халтачаҳои наврӯзиро ба роҳ монанд. Ба ин хотир, намоди ин гуна халтача қабул ва нашру тарғиб шуда буд. Мутаассифона, солҳои баъдӣ он фаромӯш шуд. Ҳол он ки халтачаҳои наврӯзӣ дар дили кӯдакон тухми меҳру муҳаббати ин Ҷашни миллиро мекоштанду мепарвариданд.
Дар соли нави мелодӣ аксари мағозаҳои бузург чанд рӯз пештар ва баъдҳо низ халтачаҳоро бо сурати бобои барфӣ ва набераи он омода месозанду ба фурӯш мегузоранд. Барои ба савдо рафтани онҳо эълонҳо медиҳанд. То охирин рӯзҳо, ки беш аз 20 рӯзро дар бар мегирад, муштариёнро ҷалб месозанд. Ба ин васила, савдояшон ривоҷ мегирад ва нафъ ҳам мебинанд.
Бешак, агар аз аввали моҳи март халтачаҳои наврӯзиро ҳам омода созанду ба фурӯш бигузоранд, 30 рӯз то аввали моҳи апрел метавонанд, ки аз он фоида ба даст оранд.
Наврӯз ҷашни миллиямон ба шумор меравад ва ҳар кадоми мо бояд ифтихор намоем, ки ин Ҷашн байналмилалӣ шуд. Он Ҷашни сарсабзӣ, эҳёи табиат ва, аслан ба тамоми маънӣ Ҷашни Соли нав аст. Пеш ва беш аз ҳама дар соли нав бояд кӯдакон шод бошанд ва бо муҳаббати Наврӯз бузург шаванд. Яъне, зарур аст ба иқдому ташаббуси мавҷуда, ки ҳам ба хотири ояндасозии миллат аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем, албатта, бо ҳисси масъулиятшиносӣ.
А. РАҲИМ, ш. Душанбе
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)