ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР БОРГОҲИ МАЪРИФАТ
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони "Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ" чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода бо ҳайати меҳмонон - Сайфиддин Давлатзода, раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Шодиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Икром Қурбонов, узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, аз дастархони наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилалӣ аст, дидан намуданд. Таомҳои миллии наврӯзӣ, дар мисоли ҳафтсин, ҳафтшин ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултетҳои Донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
М. Қурбонзода ҳозиронро ба муносибати ин Ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, зикр кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин Ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. «Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накукорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ва ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Он риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад», - гуфт ӯ. Сипас, Сайфиддин Давлатзода, Муҳаммад Шодиён ва Икром Қурбонов ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба омӯзгороне, ки соли равон барои гирифтани унвони дотсентӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда буданд, аттестатҳояшон супурда шуда, чанде аз омӯзгорон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Левакант”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гашт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)