БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
“ФАРХОР. БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИРО АЗ БАЙН МЕБАРАД!”
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор маводи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро, ки 19-уми июни соли 2023 (№126 (24737) зери унвони “Фархор. Бемасъулиятии масъулон ёдгориҳои таърихиро аз байн мебарад!” чоп шуда буд, бо иштироки масъулон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҳақиқат, мушкилоти дар мавод зикргардида ҷой доранд. Барои маҳкам ва панҷарабандии гирду атрофи ёдгории “Золи Зар” аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва соҳибкорон маблағ ҷудо шуда, корҳои барқарорсозӣ рафта истодаанд. Айни ҳол атрофи қалъа бо панҷараҳои оҳанӣ маҳкам шуда, сохтмони даромадгоҳи марказӣ, иборат аз гунбаз ва ду ҳуҷраи қабули меҳмонону сайёҳон, дар арафаи анҷомёбист.
Ҳуҷҷатгузорӣ ва сертификаткунонии дигар ёдгориҳои таърихӣ низ ба мувофиқа расида, бо пайдо шудани имкониятҳо марҳала ба марҳала таъмиру барқарор мегарданд.
Бояд гуфт, ки ҳудуди ёдгориҳо айни ҳол зери назорати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд. Бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар бахши фарҳанг воҳиди кории махсуси “Нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” амал намуда, ба ин мансаб мутахассиси варзидаи соҳа ҷалб шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия 50 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, 3-тои он: Қалъаи “Золи Зар”, “Шаҳртеппа” ва “Тоҳирсарой” барои шомил намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО аз ҷониби ташкилотҳои дахлдор пешниҳод гаштанд.
Шоҳрух ҒАФФОРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Фархор
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)