ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар қароргоҳи СММ 

Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар қароргоҳи СММ 

29 март 2024, Ҷумъа
18
0
24-уми март бо ташаббуси намояндагии доимии Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз доир гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳамоиш бо паёмҳои табрикии раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ Денис Френсис ва намояндаи ЮНЕСКО Лили Грей оғоз ёфт. Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷонибек Ҳикмат зимни суханронӣ ҳозиронро ба фарорасии Наврӯз табрик гуфта, аз анъанаҳои таърихӣ, рисолати сулҳофарию созандагии он ва ҳамгироии одаму табиат ёдовар шуд.
 
 
 
Иштироки меҳмонони Ӯзбекистон дар тантанаҳои наврӯзӣ 
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Наврӯзгоҳи Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор пуршукӯҳ таҷлил гардид.
МИҲД-и шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар маросими тантанавию фарҳангии шаҳр муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини ҳокими вилояти Сурхондарё Ҷӯрабек Тӯраев иштирок намуданд.
 
 
 
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: муттаҳид сохтани талошҳо, нигоҳ доштани суръати пешравиҳо» дар Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ Деннис Фрэнсис баргузор гашт. 
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуда, миннатдории хешро барои баргузории чорабинии мазкур ва даъват барои иштирок дар Конфронси оби Душанбе баён дошт.
 
 
 
«ТОҶИКИСТОН-2024»
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
25-27-уми апрел дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» баргузор мегардад, – хабар додааст Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ. 
Дар Намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Корея, Чин, Покистон ва  Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
 
 
 
Фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел вохӯрд. 
Тавре аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо фаъолияти Бонк, инчунин, вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт,  соҳибкории хурду миёна  ва бахши молия баррасӣ намуданд.
 
 
 
Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Агентии содирот
Дар Агентии содирот бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуи «Шарҳи санадҳои қонунгузорӣ, байналмилалӣ ва барномавӣ дар бораи муқовимат ба коррупсия» машғулият баргузор шуд.
Дар Агентӣ ба мо шарҳ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ҷаласа ба хизматчиёни давлатӣ фаҳмондани сабабу омилҳои сар задани коррупсия, роҳҳои пешгирии он ва даст назадани онҳо ба кирдорҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти хизматиашон мебошад.
 
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив