ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

01 апрел 2024, Душанбе
3
0
ҶУДО
Сайри ҷаҳонии ҷудо: ду медал аз Анталия
Тими ҷудои Тоҷикистон дар Гранд-слами Анталия (Туркия) ду медал ба даст овард.
Гранд-слами Анталия дар доираи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо 29-31-уми март доир гашта, дар он 628 варзишгар (355 мард, 273 зан) аз 93 давлат ширкат кард. Тоҷикистонро 12 варзишгар (10 мард, 2 зан): Аҳлия Муъминова, Насиба Карликова (-52 кг), Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг), Обид Ҷебов, Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) намояндагӣ кард ва даста ба гирифтани як медали нуқра ва як биринҷӣ мушарраф гашт.
Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни -66 кг сазовор гардид. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар се даври дигар бар варзишгарони Италия, Туркманистон, Қирғизистон, дар нимфинал бар намояндаи кишвари мизбон – Туркия дастболо гардид, вале дар финал аз Ҳифуми Абеи ҷопонӣ мағлуб шуд.
Медали биринҷиро Обид Ҷебов ба даст овард. Ӯ низ дар вазни -66 кг гӯштӣ гирифта, паҳлавони Туркия, Озарбойҷон, Кубаро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Фаронса шикаст хӯрд. Обид баъдан дар даври тасаллобахш намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм намояндаи дигари Туркияро мағлуб намуд.
Абубакр Шеров дар вазни -73 кг ҷойи панҷумро гирифт. Ӯ варзишгарони Канада, Баҳрайн, Кипр, Италияро шикаст дода, ба нимфинал роҳ ёфт, вале дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм аз намояндаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон дар миёни 93 давлат ҷойи 13-умро касб кард. Ҷопон бо 5 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ мақоми аввал, Фаронса бо 3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ зинаи дуюм ва Канада бо 1 тилло ва 2 нуқра ҷойи сеюмро мушарраф гаштанд.   
Чун анъана, ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр гардиданд: барои ҷойи аввал – 5000, ҷойи дуюм – 3000 ва ҷойи сеюм – 1500 евро.
 
 
 
ГӮШТИНГИРӢ
Шоҳҷоизаи раиси ВМКБ насиби паҳлавони дастаи Хатлон шуд
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ ба ифтихори Ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Дар қуввасанҷӣ, ки аз рӯи 6 вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон сурат гирифт, зиёда аз 150 паҳлавон зӯр озмуд. Дар вазнҳои гуногун паҳлавонони шинохтаи кишвар – Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Баҳром Суфиев, Умар Расулов, Қоим Шукронов ва  Ҷонона Назарова ғолиб баромаданд. 
Барои шоҳҷоизаи мусобиқа – электромобил – Шарифҷон Наз-риев аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зӯрозмоӣ намуданд ва паҳлавони тоҷик зафар ёфт.
 
 
БОКС
Медалҳои биринҷии варзишгарони ҷавон дар Остона ва Боку
23-28-уми март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон ба хотираи чемпиони олимпӣ Бахтиёр Артаев доир гашт.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 вазн миёни писарон баргузор шуд, 286 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат дошт. Ҷумҳурии моро 13 варзишгар намояндагӣ кард, аммо танҳо ба Амирбек Маҳрамов муяссар шуд, ки дар вазни 52 кг медали биринҷӣ ба даст оварад.
24-28-уми март дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии бокс – “Шоҳроҳи бузурги абрешим” баргузор шуд. Дар он, ки аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифт, 104 варзишгар аз 11 давлат, аз ҷумла 2 варзишгар аз Тоҷикистон қувва санҷид.
Муштзани ҷавону умедбахши кишвар Бузургмеҳр Иксанов дар вазни -57 кг ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шуд. 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив