ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

06 март 2023, Душанбе
89
0
 
Ҳаёти инсонҳои  равшанзамир худ порае аз таърихи миллат аст, зеро онҳо ба неруи ақлонию созандаи хеш гузаштаю имрӯзро баҳри мо эҷод ва мунаввар месозанд. Миёни ин гуна афрод, кам нестанд шахсоне, ки тамоми ҳаёти хешро ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида, дар ободии кишвар саҳми арзандае гузоштаанд. Аз зумраи чунин сарсупурдагон Мансур Носиров мебошад, ки ҳақиқату адолат меҳвари аслии зиндагияш буд. 
Мансур Носиров 10 марти соли 1932 дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Мавсуф дастпарвари мактаб-интернати шаҳри Душанбе ва факултети навтаъсиси ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон буда ҳамчун ҳуқуқшиноси кордону соҳибтаҷриба дар барқарорсозии адолату волоияти қонун саҳми назаррас дошт. Ба тарбияи насли ҷавон, бахусус, кормандони тозакор, таваҷҷуҳи хосса медод, зеро ҳамсараш Волидахон Бобоева дар соҳаи маориф хизмат  намуда, ба тарбияи насли наврас машғул буд ва онҳо фарзандони баркамол Мақсудҷон – корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва сардори идораи андози шаҳри Истаравшан (сад афсӯс, ки риштаи зиндагиаш соли 1997 ба таври фоҷиавӣ канда шуд) ва духтараш Гулчеҳра омӯзгор ва соҳибкори муваффақро тарбия намуданд. 
Ӯ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Собиқ прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Шаропов, Бобоҷон Бобохонов, прокурор Меҳроҷиддин Камолов, собиқ муовини аввали прокурори генералӣ Абдусамӣ Содиқзода, собиқ прокурори вилояти Хатлон Фозилҷон Ахунов, банда ва даҳҳо дигарон шогирдони Мансур Сафарович мебошем.
Ин шахсияти адолатпеша дар тули 45 соли кор дар мақомоти прокуратура нозукиҳои ин касби пурифтихору масъулитнокро аз худ намуда, аз муфаттиши одӣ то прокурори шаҳру ноҳияҳо фаъолият кард
Ҳамин буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999, таҳти № 36 Носиров Мансур Сафарович бо унвони фахрии Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо кормандони мақомоти прокуратура аз фаъолияти пурмаҳсули абармардони сиёсату ҳуқуқ – прокуророн Мансур Носиров ва Иброҳим Қаноатов, ки баҳри таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизматҳои шоён намудаанд, ёдовар шуда, ба монанди онҳо хизмат ба Ватанро аз кормандони мақомот тақозо карданд. 
Ҳарчанд устоди хирадманд имрӯз аз дунё рафта бошад ҳам, ном ва кору пайкорашон ва панду насиҳатҳои падаронаашон дар ёди мо – шогирдон зиндаву поянда аст.
 
Абдусаттор ХОЛОВ, 
муаллими калони Донишкадаи Прокуратураи генералӣ
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив