ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗ. ҶОЙГОҲИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

НАВРӮЗ. ҶОЙГОҲИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

02 апрел 2024, Сешанбе
8
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” вобаста ба Наврӯз гуфтаанд: “Мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак” табрик менамоянд. Ин нукта бори  дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст”.  
Зикр кардан бамаврид аст, ки соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба Иди байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз қатънома қабул кард. 
Сабаби ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман густурдану гиромӣ доштани Наврӯзро Пешвои миллат дар ниҳоди худи Наврӯз мебинанд, ки он бо маданияти заминдориву зироаткорӣ, боғдориву ободгарӣ тавъам аст. Пайки Наврӯз чун рамзи фарорасии баҳор ва авҷи корҳои кишоварзӣ ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон расад, Пешвои миллат онро барои ҳар хонадон шодию сурур ва муждаи файзу баракат мепиндоранд. Бар ин боваранд, ки ҳамаи сокинони диёри азизамон Наврӯзро бо дилу дасти кушод, табъи болида ва ормонҳои созанда истиқбол гирифта, чун Иди бузурги миллӣ ва умумихалқӣ қадр менамоянд.
Наврӯз рӯзи аввали баҳор, оғози соли нави хуршедӣ ва лаҳзаи таҳвили сол мебошад, ки Хуршед аз бурҷи ҳамал мегузарад ва баробаршавии шабу рӯз оғоз мегардад. Ҳанӯз пажӯҳишгарону бостоншиносон ва муаррихону мутафаккирон дар бораи пайдоиши Наврӯз ба мувофиқаи дақиқ ва ягона нарасидаанд. Дар ин бора ривоятҳо хеле зиёданд.
Муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба таърих ва Ҷашни Наврӯз дар миёни қавми ориёиҳо дақиқона назар намуда, дар китоби болозикр чунин баён медоранд: “Иди Наврӯз мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо қадимтарин Иди миллӣ ва муборактарин суннати аҷдодии мо буда, дар миёни қавми ориёӣ чун ҷашни хоссаи деҳқонону кишоварзон пос дошта мешуд. Аҳли киштукор Наврӯзро чун муждаи эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ бузург дошта, бо шеъру суруд фарорасии фасли ҷонбахши баҳорро пазироӣ мекарданд. Дертар ин оин ба оташкадаву ибодатгоҳи зардуштиёни Балху Бохтар роҳ ёфта, бо ҳидояти Зардушт дар қаламрави давлати Куруши Кабир ва Доро мақом пайдо кард”. Муаллиф, ҳамчунин, аз омодагӣ ва истиқболи Наврӯз дар аҳди Сомониён ёдовар шуда, таъкид менамоянд, ки Наврӯз дар аҳди Сомониён аз ҷумлаи бузургтарин ва муътабартарин идҳои мардуми тоҷик буда, ба истиқболи он кишоварзону деҳқонон, тоҷирону косибон, сарбозону сипоҳиён ва ҳокимону шаҳриёрон ҳафтаҳову моҳҳо омодагӣ медиданд. Шоирону ровиён ва санъаткорону ҳунармандон беҳтарин офаридаҳои ҳунари хешро маҳз дар айёми Иди Наврӯз пешкаши мардум мекарданд. 
Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, анъана ва расму оини наврӯзие, ки айнан дар замони Сомониён баргузор мегардид, дубора дар замони истиқлоли давлатӣ эҳё гардид. Наврӯз, ки дар тамоми манотиқи мамлакати азизамон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, аз болоравии фарҳанги сиёсӣ ва маънавии аҳли ҷомеаи навин ва устувор гардидани пойдевори фарҳангии давлатдории мо шаҳодат медиҳад. 
Пешвои миллат Иди Наврӯзро иди озодагон ва саховату ҷавонмардӣ номида, дучанд гардидани ҳиммати меҳанпарастию ятимпарварӣ ва саховатмандиро дар ин айём ба маврид зикр мекунанду мегӯянд: “Мардуми мо дар Ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯйи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд”.
 
Раҷабалӣ ДОДХУДОЕВ
Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив