ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

02 апрел 2024, Сешанбе
45
0


Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба хотири сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва, ба ин восита, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон тантанаҳои даъват ба сафи артиш баргузор гардида истодаанд. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар водии Рашт низ оғоз гардида, ҷавонони шуҷоу диловари ин диёр омодаанд бо сари баланд хизмати Ватанро ба ҷо оранд.  
Дӯст доштани Ватан ва ҳифз намудани марзу буми он вазифаи ҳар як фарди соҳибватан аст. Дар Тоҷикобод тантанаи гусели наваскарон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо иштироки фаъолон ва падару модарони даъватшудагон бо шукӯҳу шаҳомати хос ва барномаи театришудаи бахши фарҳанг баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳия, ба наваскарон барои ҳисси баланди меҳанпарастиашон изҳори сипос намуд. Зикр шуд, ки хизмат дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби зиндагӣ маҳсуб меёбад. 
– Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. 
Боиси хушбахтист, бо дастгирии шумо – ҷавонони ноҳия нақшаи баҳорӣ 100 фоиз иҷро гардида, бори дигар собит шуд, ки ҷавонмардиву ватандӯстӣ яке аз хислатҳои мардонагии миллати тоҷик буда, дар рагҳои мо ҷӯш мезанад. Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи ҳар як фарди ватанпарвар афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, – гуфт Қ. Фақерзода. 
Бо ҳамин мазмун дар ноҳияҳои Нурободу Сангвор, Рашту Лахш низ тантанаи даъвати баҳорӣ баргузор шуд. 

Гулнисо САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив