ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУРОФОТПАРАСТӢ. ЗУҲУРОТИ НАНГИНЕ, КИ ҶОМЕАРО АЗ МАСИРИ РУШД КАНОР МЕЗАНАД

ХУРОФОТПАРАСТӢ. ЗУҲУРОТИ НАНГИНЕ, КИ ҶОМЕАРО АЗ МАСИРИ РУШД КАНОР МЕЗАНАД

06 март 2023, Душанбе
126
0
Дар ҳаёти инсонҳо василаи густариши афкору идеяҳо гуногун ва таърихи тулонӣ дошта, дар муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҷанбаъҳои руҳиву равонӣ ва эътиқодӣ дар инкишоф қарор доранд. Айни замон, бо истифода аз дин мағзшӯӣ ва таъсир ба мафкураи одамон ҳамчун як василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсиву гурӯҳӣ мавриди корбасти фаровон қарор гирифтааст. Ин раванди манфӣ аз доира ва нуфузи фаъолияти як давлат ва минтақа берун гардида, дар шаклҳои маъмулии терроризму ифротгароии динӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра гардидааст. Табиист, ки дар чунин вазъи печида набояд дар муносибат ба ин зуҳуроти харобиовар бетарафӣ зоҳир намуд, зеро солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо низ, оқибатҳои фоҷиавии терроризму экстремизм таҷриба шуда, ҳанӯз ҳам, таҳдидҳо пурра аз байн нарафтаанд. 
 
Ин зуҳуроти манфӣ айни ҳол дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла роҳандозии ҷангҳои иттилоотӣ, ифроту ситеза, бадбиниву таассуб, тундравии динӣ, хурофоту ҷаҳолат, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва фитнаангезии нажодӣ зери сенарияҳои таълифшудаи гурӯҳҳои манфиатдор бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Дар сурати ғофил мондан дар баробари ин зуҳуроти нангину хатарзо, мо имкониятҳои воқеии адолату қонун, оромиш ва осудагии кулли шаҳрвандон, сулҳу субот, тараққиёти босуботи ҷомеаро аз даст хоҳем дод. Аз ин хотир, барои ҳифзи суботу оромӣ ва идомаи зиндагии шоиста моро зарур аст, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаро хуб бишносем ва алайҳи онҳо муқовимат карда тавонем.
Таърих шоҳиди воқеии замонҳост, ки дар гузаштаи дур дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар манотиқи олам дин ҳамчун абзор ва дастури сиёсӣ истифода мешуд ва садсолаҳо ҳокимияти сиёсӣ зери нуфузи диндорон қарор дошт. Вале бо бартарӣ пайдо кардани илму маърифат ва тавсеа ёфтани низоми дунявӣ хурофотгароӣ аз байн рафта, мардумони ин қора ба зиндагии шоиста даст ёфтанд.
Зиндагиномаи инсоният борҳо мувоҷеҳ ба мавҷи таассубу хурофот ва арзишҳои сохтаву бофтаи гурӯҳҳои фурсатталаби бо ном исломиву насронӣ гардидаанд. Таблиғгарони ин навъ ҳаракатҳо ҷаҳонро ба бозори идеологияи сохтаву бофта табдил дода, бо амалу кирдорҳои мардумфиребона инсонҳоро дар ҷаҳолату нодонӣ ва бумбаст нигоҳ медоранд. Ҳатто, ин тоифа то расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ ва ба даст овардани қудрати сиёсӣ аз мафҳумҳои мисли демократия, ҳуқуқи башару озодӣ низ, устокорона истифода мекунанд. Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки гуфтори онҳо дар сохтори сиёсии ҷомеа дархӯри манфиатҳост. Вале баъд аз ба қудратмандии сиёсӣ расидан, ҳамаро канор гузошта аҳкоми зарурии пасипардагии хешро дар заминаҳои бадӣ бар некӣ, торикӣ бар равшанӣ, ҷаҳл бар хирад, зулмотро бар нур тарҷеҳ дода, бо додани ваъдаҳои осмонӣ мақсаду мароми худро амалӣ менамоянд. Аз ин хотир, ба чунин шева роҳандозии мақсадҳо ҳеҷ гоҳе низоми сиёсии комил ва муваффақро ба миён оварда наметавонад. Таҷрибаи таърихии на чандон дури давлатҳои Шарқ ин нуктаро ба исбот расондааст. 
Ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Ятимов аст, ки мегӯяд: «Бозингарони аслии саҳнаҳои геополитикӣ ё ин ки чемпионҳои «тахтаи бузурги шоҳмот» бағоят хушзеҳн, ҳушёр, андешаманд буда, аз лиҳози стратегӣ, пешакӣ сари даҳсолаҳо ва, ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд. 
Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеалогияи худро хуб омӯзанд. Дар бораи онҳо ҳама чи, ҳатто то майлнокии генетикӣ, этикӣ, нажодӣ ва дигар имкониятҳо, тавони ақлию дурнамои ҳар миллатро аз нигоҳи захираҳои нерумандии инкишофёбиаш донанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ аз бар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан онро идора кунанд». 
Дар чунин шароити ҳассос ҳар як узви ҷомеа бояд бошуурона дарк намояд, ки дар раванди ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ, мақсади ниҳоии ҳар шакли муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба ҳадафҳо ва мақсадҳо аст. Бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, моро аз ҳувияти миллии хеш раҳонда, қабули мафкураи дигарро дар мағз-мағзи идрок ва шуури ҳамватанон ҷо намуда, талқини маданияти дигар, фарҳанги бегона ва ғояҳои иртиҷоиро дарбеҳ намоянд. Ин масоили хеле ҷиддӣ ва мубрами рӯз буда, на ҳар як шаҳрванди одӣ дар сатҳи шуури муқаррарӣ ба моҳияти ин масъалаҳо сарфаҳм меравад. Маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, ки, аслан, аз носолимии оила сарчашма мегирад, дар раванди зиндагӣ нотайёр, инкишоф наёфта, боиси кундзеҳнӣ, камтаҷрибагӣ, костагии фаҳмишҳои сиёсӣ, надоштани мустақилият мегардад. Дар ин маврид Иқболи Лоҳурӣ басо дуруст мефармояд;
Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазири дигарон.
Ин тоифа одамон мисли донаҳои қатории шоҳмот ҳастанд, ки ҳаракат ва фаъолият аз онҳо вобаста нест. Онҳо ашёҳое ҳастанд, ки соҳибонашон аз ҳаракат ва беҳаракатишаон завқ мебаранд. Чун хоҳиш ва иштиҳои бозии мизоҷон коста гардид, ашёҳо нодаркору мавриди иваз қарор мегиранд. Финали ҳар намоиши мақсадноки хоҷагон ва идеологияи абарқудратҳо маҳз ҳамин аст. Лиҳозо, таҳкурсӣ ва базаи асосии мубориза бар зидди аҳкоми номбаргардида, аввалан фаъолияти мусбӣ дар оила, баъдан ҳамкориҳои муштараку судманд дар ҷомеа ва дастаи қудратманди блоки идеологӣ дар заминаи фаҳмишу баён дар тамоми равандҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Чуноне аз таҷрибаҳо бар меояд, оилаҳое, ки дар он низоми якдигарфаҳмӣ, садоқату муҳаббат, вафодорӣ, андӯхтани илму маърифат, интихоби касби дӯстдошта ва инсонсолорӣ барпо шудааст, хатари воридшавии идеологияҳои ифротгаро ва маданияти бегона умуман ба чашм намерасанд. Бинобар ин, хуб мебуд, падару модарон аз оғоз ба тарбияи дурусту мақсадноки фарзандон таваҷҷуҳ намоянд, зеро кӯдак дар оила аз замони таваллуд, ҳамчун зарфи холист. Танҳо волидон метавонанд, онро бо арзишҳои маънавӣ пур намоянд. Дар ҷаҳони ҳастӣ ҳеҷ арзиш, ҳеҷ неъмат, ҳеҷ манфиат, ҳеҷ дороӣ, ҳеҷ бузургиву қудрат болотар аз қадр ва манзалати инсон набуду нест. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ҳамеша бартарӣ дода, дар суханрониҳояшон насли ояндасозро ба дӯст доштани Ватан, худшинос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд. Дарвоқеъ, рисолати бузургтарин барои ҷавонони Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони ҷомеа, талоши ҳақназарона барои рушду нумӯи кишвари азиз, барпо намудани оилаҳои намунавӣ, тарбияи фарзандон, рушди бемайлони саноат ва иқтисодиёт, ободии диёри нозанин, пешрафти илму техника, инкишофи маориф, шукӯҳи фарҳангӣ, истиқлоли фикрӣ ва иҷтимоӣ аст. Мо агар дар ин роҳ устуворона қадам гузорем, минбаъд низ, ба фатҳи уфуқҳои нави рушд расида, таҳти сарварии Пешвои миллат ба зиндагии боз ҳам шоистатар ноил хоҳем шуд.
 
Сафаралӣ НУСРАТЗОДА,
директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Ёвон,
номзади илмҳои сиёсӣ 
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив