Густариши робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Италия
2-юми апрел дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Афзоиши гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон
Соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон нисбат ба соли 2022-юм 1,6 маротиба афзоиш ёфта, ба 52,7 миллион доллари ИМА баробар шуд.
Ин омор 1-уми апрел, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо директори генералии Гурӯҳи миллии логистикии Покистон Фаррух Шеҳзад Рао садо дод. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ҳини суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи содироти меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Покистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Самтҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ
Дирӯз ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Технологияҳои навин ва пешрафтаи ширкатҳои истихроҷкунандаи металлҳои қиматбаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» доир гашт, иштирок намуд.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҳамоиш ҳайати мо бо бузургтарин озмоишгоҳи ташхиси маъданҳои кӯҳӣ-геологии «HAZEN», Маркази илмии геология, геофизика ва геохимия, Институти кӯҳкории Колорадо шинос шуд.
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ
Дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносӣ дар назди Машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гашт.
Котиботи СҲШ дар Пекин хабар додааст, ки дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории коршиносӣ барои соли 2024 баррасӣ шуд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, дар бораи омодагӣ ба Фестивали оркестрҳои низомии давлатҳои аъзои Созмон «Шайпури сулҳ — 2024» муҳокимаҳо сурат гирифтанд.
Баррасии содагардонии расмиёти савдои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар Форуми Самарқанд
2-юми апрел дар шаҳри Самарқанд Форуми 11-уми содагардонии расмиёти савдои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором баргузор гашт.
Дар Форум радифи 250 иштирокчӣ аз 30 давлати дунё муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок ва суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки Форум барои баланд бардоштани иқтидор ва ҳамкорӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Дар ин бора ба мо аз Вазорат хабар доданд.